Ғолибони озмун қадрдонӣ шуданд

№75-76 (3060-3061) 21.06.2013

Озмуни барномаҳои беҳтарини телевизиониву радиоӣ, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ ва  густариши худшиносии ҷавонон дар самти ватанпарастӣ эълон карда буд, ҷамъбаст шуд. Дар озмуни радиоии «Авҷи зуҳал», ки тавассути радиои мустақими  «Садои Душанбе» давоми ним сол идома дошт, се нафар фаъолтарин иштирокчӣ ғолиб дониста шуданд. Нурмуҳаммад Разоқов аз ноҳияи Бохтар сазовори ҷойи аввал, Тутинисо Ятимова аз ноҳияи Балҷувон соҳиби ҷойи дуюм ва Шодӣ Дустёров аз ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.  Инчунин дар озмуни барномаҳои беҳтарини кӯтоҳмуддати видеоӣ (видеоролик) дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон Худоёр  Валиев (Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон) сазовори ҷойи аввал, Робия Назирова (радиои Тоҷикистон) ҷойи дуюм, Хусрави Носир (Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон) ва Саидҷаъфар Ашӯров (Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ҷойи сеюм шуданд.

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маликшо Неъматов ғолибонро таҳният гуфт ва  аз ғамхориву таваҷҷуҳи пайвастаи  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон  ёдовар шуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ва бо шарофати истиқлолият  паҳлуҳои гуногуни ҳаёти  ин насли ҷомеа  мадди  назар қарор  мегирад. Ҳамзамон Маликшо Неъматов зикр намуд, ки ҷавонон дар инкишофи ҷомеа нақши  бориз  доранд  ва  пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули ақлонӣ ва илмӣ  бояд бошад, чун онҳо танҳо дар ин сурат метавонанд  бо ташаббускории худ барои пешрафти кишвар ва дар ин замина таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон талош намоянду сазовори дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат буданашонро исбот намоянд.

Мавсуф ҳамчунин таъкид кард, ки  ҳамарӯза миқдори зиёди чорабиниҳо дар маркази пойтахт ва маҳалҳо бо ташаббуси бахшҳои соҳавӣ доир мешавад,  вале имкони фарогирии кулли ҷавонон ба чорабиниҳо нест, чун фисади зиёди аҳолиро маҳз намояндагони ҳамин насл ташкил медиҳанд. Мо ҳамеша талош мекунем дар ҳалли  мушкилоти насли ҷавон  саҳмгузор бошем  ва барои ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ ҷиҳати инъикоси сиёсати давлатии соҳа ҳавасмандем. Дар охир раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон диплому  туҳфаҳо, аз қабили   компютери дастӣ, тафдон,  асбоби аксбардорӣ  супорид.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»