Ошкори 2265 қонунвайронкунӣ зимни 106 санҷиш

№20 (3814) 15.02.2018

Прокуратураи вилояти Хатлон баробари ­ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз судури эътирозҳои прокурорӣ ба 160 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо хабар дод. Аз ин шумора 85 эътироз ба раисоне тааллуқ дорад, ки ҳоло ҳам адои вазифа мекунанд. Ин ниҳод дар натиҷаи гузаронидани 106 санҷиш 2 ҳазору 265 қонунвайронкуниро ошкор намуда, барои бартараф кардан 612 санад бароварда, 1 ҳазору 309 нафарро ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашид. Ҷиҳати ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин, худсарона ишғол намудани он ва дигар ҷиноятҳои ба замин алоқаманд 272 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Аз ин шумора 59 парванда ба мансабдороне мутааллиқ аст, ки бевосита ба замин сарукор доранд. Чунончӣ, 12 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раисони кумитаҳои идораи замин, 24 парванда нисбат ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 12 парванда нисбат ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 9 парванда нисбат ба дигар шахсони мансабдор оғоз шудааст.

Аз ибтидои сол Прокуратураи вилоят ҷавобгарии ҷиноятии шахсонеро ба роҳ мондааст, ки бевосита дар саргаҳи мушкилоти зикршуда қарор доранд.

Сулаймон Султонов,

«Садои мардум»