Пеши хатарро бояд гирифт

№48 (3685) 04.05.2017

DSC_1206Аз қадимулайём аксари шаҳрҳо дар канори дарё бунёд меёфтанд. Шаҳрҳои Будапешт, Москва, Санкт — Петербург, Вологда, Остона, Даугавпилс, Ҳома (Сурия), Берлин (Германия), Тёфу (Япония), Гарессио (Италия), Лвов, (Украина) ва ғайра аз ҳамин қабиланд.

Аз миёни пойтахти кишвари зебои мо шаҳри Душанбе низ оби дарёи ҳамноми он (баъди якҷояшавии дарёҳои тезоби Варзобу Лучоб) ҷорӣ мегардад. Моҳҳои апрелу май давраи серобтарини он аст. Гап сари ин ки аз бурриши хиёбони Саъдӣ Шерозии пойтахт қад — қади рӯди Душанбе то қисмати ҷанубии пойтахт роҳи мошингард сохта шудааст. Роҳро аз дарё девори бетонӣ ҷудо мекунад. Дар наздикии маҳаллаи 61- уми пойтахт чанд ҷойи ин девори бетонӣ афтода, аз байн рафтааст, ки барои ронандагону пиёдагардон хеле хатарнок аст.

Алалхусус хавфу хатари ин деворҳои фурӯрафта шабонгоҳ зиёд аст, зеро на ҳама аз мавҷудияти онҳо хабар доранд. Масъулони нигоҳдории роҳҳои пойтахтро зарур аст, ки ба ин нукта таваҷҷуҳ намоянд. Зеро илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ беҳтар аст. Ҳаёти инсон аз ҳар гуна оҳану бетон қиматтар меистад. Сари вақт пӯшонидани ҷойи ин деворҳои фурӯрафта чанд фалокатро пешгирӣ хоҳад кард. Умед дорем, ки масъулон кори имрӯзаро ба фардо намегузоранд.

 С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»