Вожаи Душанбе аз номи ҳафта аст

№8 (4428) 08.01.2022

Фото № 3Дар бораи этимологияи «Душанбе» бисёр навиштаанд ва ҳоло ҳам менависанд. Мақсад аз пажӯҳиш бовар кунонидан, ки аз ин вожа чӣ маънӣ бармеояд, маҳсуб мешавад. То ҳол муайян накардану шарҳу тавзеҳ надодани маънои луғавии ин топоним, яъне пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе аз заъфи этимологии мост. Дар назар менамояд, ки саргузашти таърихӣ ва пажӯҳиши ин вожа то ҳол аз тарафи забоншиносони соҳаи этимология ва топонимикашиносӣ мушаххас нашудааст.

Андешаи доктори илми  фалсафа  Хуршед Зиёиро бо унвони «Шамбарӣ ва Душанбе: чӣ робитае байни ин ду калима вуҷуд дорад?» хондам.

Аз он хурсанд шудам, ки донистану муайян кардани маънои дурусти луғавии пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе на танҳо таваҷҷуҳи мутахассисони соҳаи этимология, балки зеҳни доктори илми фалсафаро ҳам ҷалб кардааст. Мақолаи мавриди баҳс назари шахсии муаллиф дар пиндори фарзия аст ва таъкид ҳам кардааст, ки ин қазовати ниҳоӣ нест. Муаллиф аслан оид ба решаи калима изҳори назар кардааст. Ӯ менависад: «Шибар ё шимбар, шибар, чибар, замини намноки чимпӯш, сабзапӯш…». Дар асоси ин калимаҳо метавон хулоса кард, ки номи пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ё дақиқтараш Душамбе, низ бояд маънии ду марғзор, ду чаманро дошта, калимаҳои ду ва шамбар ё чимбар – «душамбар», яъне, ду замини чимпӯш (ин ҷо заминҳои чимпӯш ё марғзори соҳили ду дарё – Варзоб ва Лучоб дар назар дошта шудааст) аст.

Аз як пажӯҳиши муаррих Ғолиб Ғоибов на дар бораи этимологияи Душанбе, балки дар бораи таърихи он мутаваҷҷеҳ шуда, дар бораи этимологияи ин топоним ба чанд хулоса омадан мумкин аст. Ӯ менависад: «…Аҷибаш ин аст, ки номи онро (манзур Душанбеи қадима) як адмирали сайёҳи турк – Сейди Алӣ Раис на Сешанбеи Тотор ва на Душанбеи Қаромиршикор, балки «Чоршанбе» овардааст. Он адмирали турк, ки аз Ҳиндустон ба Хатлон ва аз он ҷо бо роҳи Пули сангину Ҳисор ба ватани худ баргашта буд, дар асари «Миръот — ул — мамолик» — аш оид ба Ҳисору Душанбе зикр кардааст, ки «Аз кӯпруки Пули сангин гузашта, ба Мовароуннаҳр дохил шудем. Он рӯз дар як хонае дам гирифта, пагоҳ ба роҳ даромадем. Аввал ба Бозори нав (Янгибозор, яъне Ваҳдати ҳозира) ва аз он ҷо ба Чоршанбе расида, қабри Хоҷа Яъқуби Чархиро зиёрат кардем. Аз он ҷо ба Чағониён, яъне Ҳисори Шодмон расидем…».

Оё мешавад, ки дар як ҳудуди ҷуғрофӣ деҳаю шаҳрчаҳои Душанбе, Сешанбе ва Чоршанбе ба маъноҳои гуногуни луғавӣ вуҷуд дошта бошанд? Пас, ба гуфти Хуршед Зиёӣ, ин шаҳракҳоро мо се шамбару чор  шамбар гӯем.

Бо номҳои ҳафта дар шакли бун­ёдӣ номгузории деҳа, шаҳр, бозор, одамҳо суннати таърихии мост ва гумони ғолиб он аст, ки топоними мазкур аз ду ҷузъи тоҷикӣ «ду» ва «шанбе» таркиб ёфтааст. Маъхази дигар, ки аз он дар бораи ба номҳои ҳафта гузоштани номи шаҳру деҳаҳо маълумот пайдо кардан мумкин аст, боби «Сағониён»-и асари «Баҳр-ул асрор» — и Маҳмуд ибни Амир Валӣ (соли 1634) мебошад. Муаллиф дар асараш оид ба шаҳрчаҳои водии Ҳисор чунин нигоштааст: «Дигар Тӯфалоқ ва Сешанбеи Тотор ва Душанбеи Қаромиршикор ва Ҳалғату аст, ки мазори фоизуланвори мавлоно Яъқуби Чархӣ, халифаи Хоҷаи Бузург (яъне, Баҳовуддин) ва муршиди Хоҷа Аҳрор он ҷост…». Аз ин бармеояд, ки дар радифи шаҳраки Душанбеи Қаромиршикор — Сешанбеи Тотор ва Чоршанбе, ки дар боло зикр шуд, низ будааст. Манзур аз ин далел тақвияти он андеша, ки номгузорӣ бо номи рӯзҳои ҳафта дар гузашта ҳам роиҷ буд. Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки Душанбе бори аввал дар сарчашмаҳои хаттӣ соли 1634 зикр ёфтааст.

Табдили ҳамсадои «н» ба ҳамсадои «м» ҳолати фонетикии маъмул аст, вале ҳарфи «н» ҳарфи таркибии вожаи Душанбе мебошад, яъне дар зоти калима таърихан вуҷуд дорад. Дар хати арабиасос ин топоним хеле хоно буда, ҳарфҳои иштибоҳи «нун» ва «мим» дар навишт фарқ мекунанд. Ҳарчанд инро ба назар гирем ҳам, мо ба шибар — шамбар розӣ шуда наметавонем ва Душанбе бори ин маънии бегонаро намекашад. Ин вожа дар забони паҳлавӣ маънои рӯзро ифода мекунад. Таърихнависон дар навишти ҳар як калимаи одӣ эътибор медоданд, то ба иштибоҳе роҳ надиҳанд. Шояд мутахассисони соҳаи таърихи забон, хоса этимолог­ҳо, ба дигар назар бошанд?

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

Ворис КАЛОНОВ,

«Садои мардум»