Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар соҳаи бонкдорӣ 305 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шуд

№21 (3971) 21.02.2019

_DSC0010+69+- Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта 2047 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор гардид, ки 598 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохиланд, — гуфт директори он Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 12 феврали соли равон баргузор шуд.

Номбурда афзуд, ки аз ин шумора 553 ҷинояти қаллобӣ, 20 ҷинояти саркашӣ аз супоридану пардохти андозҳо, 119 ҷиноят вобаста ба гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз маблағи умумии зарар, ки 442 миллион сомониро ташкил медиҳад, 225,4 миллион сомонӣ аз ҷумла, ба давлат 84 миллион, ба корхонаю ташкилотҳо 166,2 миллион ва ба шаҳрвандон 5,2 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. Барои рӯёнидани маблағҳои боқимонда чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.

Сулаймон Султонзода, ҳамчунин, зикр намуд, ки дар соҳаҳои маориф ва илм 96 ҷинояти коррупсионӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 108, саноат ва технологияҳои нав — 7, молия — 7, сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ — 88, Кумитаи ҳифзи муҳити зист — 4, Кумитаи телевизион ва радио — 3, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон — 18, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ — 5, ҷамъиятҳои саҳомӣ — 255, соҳибкорони инфиродӣ — 435, соҳаи бонкдорӣ — 305 ва дигар идораву корхонаҳо 225 ҷинояти коррупсионӣ рух додааст.

Инчунин, зикр шуд, ки ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронидан 1247 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардид, ки 1223 ададаш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, дар 95 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда, барои бартараф сохтани камбудиҳо ба мақомоти таҳиякунандаи лоиҳа бозпас гардонида шуд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»