https://sadoimardum.tj

Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Фурута Кейко

№:125 (5021) 22 окт 2025, 17:12
3

21-уми октябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кейко мулоқот намуд.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония 2 феврали соли 1992 барқарор шуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ заминаи хуб, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст.

- Барои мо - вакилони парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Япония аҳамияти бузург дорад. Муваффақиятҳое, ки дар муносибатҳои дуҷониба ба даст омадаанд, дар натиҷаи муносибатҳои дӯстона, иродаи сиёсӣ, ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи сарони кишварҳоямон имконпазир шудаанд, - гуфт Файзалӣ Идизода.

Зикр шуд, ки рушди муносибатҳои Тоҷикистону Японияро беш аз 70 созишномаи дуҷонибаи байналмилалӣ таҳким мебахшад, ки аз самаранокии дипломатии ҷонибҳо дарак медиҳад.

Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» майдони муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ шуда, дар ин замина, пешниҳод гардид, ки дар доираи ин формат вохӯриҳои вакилони парламентҳо низ баргузор карда шаванд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: