Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш ҷаласа доир кард
16-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш баргузор гардид, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Хоҷазода иштирок дошт.
Дар оғози ҷаласа вакилони парлумони кишварҳои узви иттиҳод масъалаҳои ташкилиро баррасӣ намуда, раиси кумитаи доимӣ ва муовини ӯро интихоб намуданд.
Сипас, лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи фаъолияти парасторӣ ва эҳсонкорӣ», «Дар бораи таъмини ҳифзи давлатии мероси фарҳангӣ дар обанборҳо», «Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз иттилооти ба саломатӣ ва рушди онҳо зараровар» ва ҳуҷҷатҳои муҳими дигар баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласаи комиссия, ҳамчунин, пешниҳодҳо оид ба нақшаи дарозмуддати таҳияи қонунгузории намунавӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2026-2028 баррасӣ шуда, оид ба истифодаи қонунгузории намунавии варзиш, чорабиниҳои дарпешистодаи АБ ИДМ, конфронси дуюми байналмилалии «Забони русӣ – асоси муколамаи ҳамгироӣ дар минтақаи ИДМ», Конгресси байналмилалии илмӣ-таълимии давлатҳои узви ИДМ, «Кодекси зеҳнии иттиҳод» ва конфронси «Ҷанги Бузурги Ватанӣ: 80-солагии Ғалаба» гузориш манзур гардид.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
