Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни ҷаласаи мушовараи ҳамоҳангсозии парламентҳои давлатҳои узви СААД
23-юми октябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо ва комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи мушовара оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои узви СААД ба шаҳри Душанбе омаданд, мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки мо ба баргузории ин чорабинии муҳим дар доираи Ассамблеяи парламентҳои СААД таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем. Ҷаласаи имрӯза ҳамчун механизми зарурии густариши ҳамкориҳо байни парламентҳои кишварҳоямон дар соҳаи мудофиа ва амният бори дигар масъулияти баланди СААД-ро дар ҳифзи сулҳ, оромӣ, субот ва амният дар минтақа собит менамояд.
- Ҳамкорӣ дар доираи СААД ва Ассамблеяи парламентӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Маҳз Ассамблеяи парламентӣ фаъолияти дастҷамъиро тақвият дода, ба ҳамоҳангсозии фаъолияти қонунгузорӣ, мубодилаи таҷриба ва ташаккули асосҳои ҳуқуқии ҳамкории самараноки сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои аъзо мусоидат мекунад, - гуфт Ф.Идизода.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши мазкур як қадами устувору муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳо байни парламентҳои кишварҳои узви СААД хоҳад гардид.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
