Номаи табрикӣ
25-уми октябри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ашимбаев Маулен Сагатханулӣ номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Маулен Сагатханулӣ,
Шуморо ба муносибати иди давлатӣ - Рӯзи ҷумҳурӣ табрик мегӯям!
Ин рӯзи намоён таҷассумгари талошҳои мардуми Қазоқистон барои истиқлолият ва рушди устувор мебошад. Дар тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ Қазоқистон ба муваффақиятҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва ташаккули ниҳодҳои устувори давлатӣ ноил гардид.
Сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва шарикона байни Тоҷикистону Қазоқистон, ки ба наздикии таърихии халқҳои мо ва эҳтирому эътимоди мутақобила асос ёфтаанд, маврид ба зикри хос аст. Итминон дорам, ки ҳамкории байнипарламентии байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент минбаъд низ ба манфиати кишварҳо ва халқҳои мо рушд хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Маулен Сагатханулӣ, саломатии бардавом, некуаҳволӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро орзумандам».
Ҳамчунин дигар маводҳо:
