https://sadoimardum.tj

ВМКБ. Маҷмуи маҳсулот ба беш аз 1,5 млрд. сомонӣ расид

28 окт 2025, 13:53
0

Дар машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нуҳ моҳи соли равон ва вазифаҳо барои давраи минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Оид ба масъала Мусо Мирзозода, муовини раиси ВМКБ, иброз дошт , ки маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар вилоят дар нуҳ моҳи соли 2025 ба 1 млрд. 517,5 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад аст. Гардиши савдои хориҷии вилоят 174,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар нуҳ моҳи соли равон аз рӯи даромади худӣ ба андозаи 104,9 фоиз таъмин шудааст. 

Инчунин, номбурда вобаста ба иҷрои нақшаи андозҳо иброз намуд, ки бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар сатҳи 104,6 фисад таъмин гардида, ба ҷойи 202 миллиону 768,7 ҳазор сомонӣ ба буҷет 212 миллиону 050,3 ҳазор сомонӣ андозу пардохтҳои давлатӣ ворид шудааст. 

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ бошад, дар нуҳмоҳаи соли равон 232,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 40,8 млн. сомонӣ зиёд аст. 

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: