https://sadoimardum.tj

Анҷумани илмӣ-маърифатии ИДМ доир гардид

№:129 (5025) 03 ноя 2025, 17:27
0

30-31-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Анҷумани байналмилалии илмӣ-маърифатии давлатҳои иштирокдори ИДМ бо номи «Рамзи зеҳнии ҳамдӯстӣ» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Муҳаммад Шодиён иштирок ва суханронӣ намуд.

Анҷуман ба масъалаҳои рушди илму маориф дар фазои кишварҳои ҳамдӯстӣ, интиқоли технологияҳои нав ва рақамисозии соҳа бахшида шуда буд. Ҳадафи асосии анҷуман замина гузоштан барои пешрафти технологӣ арзёбӣ гардид, ки дар он унсури асосӣ ҳамкорӣ ва рушди муштарак мебошад.

 Барномаи анҷуман ҷаласаҳои умумӣ, вохӯриҳои коршиносон ва муҳокимаҳо, намоишгоҳҳо, лоиҳаҳои таълимӣ ва илмӣ, устохонаҳо ва тренингҳоро дар бар гирифт. Инчунин, барномаи фарогир таҳия гардид, ки самтҳои калидии илму маорифро дар фазои ҳамдӯстӣ муттаҳид месозад.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: