https://sadoimardum.tj

Анҷумани тақдирсоз

№:132 (5028) 12 ноя 2025, 17:46
0

Ибтидои солҳои навадуми асри ХХ, баробари расидан ба Истиқлоли давлатӣ, дар кадом варта қарор доштани ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳама маълум аст. ­Вазъият дар ҷумҳурӣ он солҳо басо муташанниҷ буд. Дар як қатор ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ интиқоли қуд­рат ба таври осоишта сурат гирифта, дар давлатҳои дигар миёни раҳбарони мавҷуда ва намояндагони созмону ҳаракатҳои ба тозагӣ арзиҳастинамуда барои сарварию соҳиби қудрат гардидан баҳсу мунозира ва норозигиву муборизаҳо авҷ гирифтанд. Ба касе пӯшида ҳам набуд, ки ҷумҳурии мо ба саҳнаи воқеии бархӯрдҳои ҳамватанӣ мубаддал гашт. 

Табиист, ки ҳар гоҳ низоми сиёсии давлатдорӣ тағйир меёбад, нофаҳмӣ, норозигӣ, мухолифат ва ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои сиёсӣ ногузир аст. Хушбахт он миллатест, ки барои чунин лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос фарзандонеро парваридааст, ки роҳи таъмини сулҳ ва якпорчагии миллату давлатро пеш гирифта, дар такя бо мардум ва неруҳои зеҳнии миллат ба машварат ва қабули қарорҳои судманд мепардозад. Баъд аз парокандашавии Иттиҳоди Шуравӣ барои мо - тоҷикон як марҳалаи ниҳоят ҳассос ва душворе пеш омад, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ислоҳоти дастгоҳои давлатӣ дар як муҳлати кӯтоҳ роҳбарияти олии кишварро вазифадор мекард, ки ҳарчӣ зудтар як ҷаласаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ояндасозро даъват намояд. Чунин ҷаласаи ҳамдигарфаҳмию ояндасоз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гардид, ки пас аз он раванди барқарорсозии сулҳ оғоз шуд.

То он вақт пойтахти кишвар ба арсаи задухӯрди қувваҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ғоратгарону муштзӯрон табдил ёфта буд. Тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гардида, Конститутсия ва дигар қонунҳо зери по шуданд. Бисёр шаҳрвандон, аз ҷумла зиёиён, аз бими ҷон шаҳрро тарк карданд, чунки ҳеҷ кас амнияти онҳоро ҳифз карда наметавонист. Дар мамлакат фазои мудҳиши бенизомиву бесарусомонӣ, беҳокимиятиву анархия ҳукмфармо буд. Дар чунин шароити тоқатфарсо касе масъулияти бехатарии вакилони мардумро ба уҳда гирифта наметавонист. Маҳз аз ҳамин хотир, бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ гузошта шуд. Тавре Пешвои миллат иброз намуданд, «Имрӯз бо гузашти солҳо бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дӯши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге афтода буд». 

Барои комёб шудан дар ин ҷода, ҳамоҳанг сохтани андешаву омоли ҷонибҳо, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшидан ва муҳимтар аз ҳама, сиёсати хирадмандонаи Раҳбари давлатамонро дар миёни мардум густариш бахшидан лозим буд. Ба таъбири Сарвари давлат, «Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархӯрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гардида буд. Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгароиву башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои зиёди сиёсӣ наҷот додааст». 

Бояд бо ифтихор таъкид намоем, ки суханрониҳо ва фаъо­лияти амалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, асоси боварии халқ ба Сарвари давлат гардид.

 Иҷлосияи XVI масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифт, манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузошт. Ба шарофати роҳи муайян­намудаи Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи Тоҷикистон, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳиб­ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама даст­о­вардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд. Интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ, таъсиси Ҳукумат, ки идомаи мантиқии қарорҳои дар Иҷлосияи XVI қабулгардида мебошанд, ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ заминаи мус­таҳкам гузоштанд. 

Имрӯз оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бояд таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризояти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии қарорҳои ҳамин иҷлосия ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, ватанпарастӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти ғайридавлатию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ, ба Сарвари давлат аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардидани қарорҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат ва заковати мардуми бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Имрӯз ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои аҳли сайёра намунаи ибрат аст ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муҳлати кӯтоҳ қатъ шуда бошад. 

Хайрулло РАҶАБАЛИЕВ,

сиёсатшинос

Ҳамчунин дигар маводҳо: