Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Покистон
10-уми ноябри соли 2025 вохӯрии роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Бахтиёр Аҳмадзода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид.
Зимни мулоқот зикр шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни соли 1992 бо Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, давоми 33 сол бо ташаббуси роҳбарияти олии кишварҳоямон аз дараҷаи муқаррарии ҳамкорӣ то ба дараҷаи шарикии стратегӣ расиданд.
- Робитаҳои стратегии Тоҷикистон ва Покистон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми дӯст ва муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф маншаъ мегирад, - гуфт Бахтиёр Аҳмадзода.
Зимни суҳбат, ҳамчунин, табодули таҷрибаи вакилони ҳарду кишвар ба хотири таҳкими ҳамкории тарафҳо ва фаъолияти қонунгузорӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти
Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
