https://sadoimardum.tj

Ҳамоиши «Муколамаи занон - неруи тавонои Осиёи Марказӣ» доир шуд

№:133 (5029) 13 ноя 2025, 17:03
0

12-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи «Муколамаи занон – неруи тавонои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ иштирок намуд. 

Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ­масъалаҳои таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари занону мардонро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ баррасӣ менамояд. Бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон маҷмуи тадбирҳое, ки ба густариши иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа равона шудаанд, пайваста амалӣ карда мешаванд.

- Муколамаи занон майдони муҳими минтақавӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, табодули таҷриба ва пешбурди масъалаҳои баробарҳуқуқӣ ва иштироки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт гардидааст. Барои мо, намояндагони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин муколама аҳамияти хоса дошта, ифодагари ҳадафҳои кишварҳои мо дар татбиқи Эъломияи Пекин ва платформаи амал, инчунин, уҳдадорӣ ба Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор мебошад, ки дар маркази он инсон, оила ва некуаҳволии ҷамъиятӣ қарор доранд, - гуфт М. Муинӣ.

 Изҳор шуд, ки таҳкими ҳамкориҳои парлумонӣ, табодули таҷрибаҳои пешқадам, ташкили барномаҳои минтақавии дастгирии занон кафили пешрафти минбаъда дар расидан ба ҳадафҳои Эъломияи Пекин ва Ҳадафҳои рушди устувор хоҳад буд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: