Баррасии Ҳамкориҳои парлумонӣ бо Ӯзбекистон
11-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мавсума Муинӣ бо ҳайати гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд.
Зикр шуд, ки муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст дар марҳилаи навин ба шарикии стратегӣ расида, дар беҳтар гардидани сатҳи муносибатҳои тарафайн ва зиндагии шоистаи мардумони кишварҳоямон нақши созгор гузоштааст.
Мавсума Муинӣ таъкид намуд, ки рушди ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо аз муносибатҳои неку оянданигаронаи сарварони ду кишвари ба ҳам дӯст - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифта, дар тамоми самтҳо дастовардҳои назаррас ба бор овардааст.
Доир ба табодули таҷрибаи тарафайн дар рушди қонунгузорӣ ва парламентаризм низ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
