Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев
13-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамаи самтҳои асосии ҳамкорӣ устуворона рушд доранд.
Нақши хосаи сарони давлатҳо дар таҳкими робитаҳои ҳампаймонӣ махсус таъкид гардид. Созишнома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ ҳамчун марҳалаи таърихии муҳим дар рушди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ шуд.
Робитаҳои байнипарламентӣ мунтазам тавсеа ёфта, Маҷлиси миллӣ ва Сенати парламент ҳамкории самараноку судманди худро пайваста таҳким мебахшанд.
Дар самти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва фармасевтика ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок номида шуданд.
Ба масоили ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Баррасии ҳамкории ҷонибҳо дар арсаи байналмилалӣ, муқовимат ба терроризм, таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ аз масъалаҳои дигари мулоқот буданд.
www.majmilli.tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:
