Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Элза Пинёл
18-уми ноябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл мулоқот намуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Фаронса аз ҷумлаи аввалин давлатҳо буд, ки истиқлолияти онро эътироф намуд ва имрӯз равобити дуҷониба тадриҷан густариш меёбад.
- Иродаи сиёсӣ ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшанд ва онҳоро дар заминаи дарозмуддат устувор месозанд, - афзуд Ф. Идизода.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои байнипарламентӣ минбаъд низ рушд хоҳанд ёфт.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
