Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Го Ҷитзюн
18-уми ноябри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат Го Ҷитзюнро бо оғози фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон шодбош гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии ду кишвари ҳамсоя дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Чин ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкориҳо миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, гуманитарӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таъкид намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
