Робитаҳои парлумонӣ бо Фаронса густариш меёбанд
18-уми ноябри соли 2025 вохӯрии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинёл доир шуд.
Изҳор гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса хусусияти устувор ва бисёрсамтаро касб намудааст.
Зикр шуд, ки қисмати ҷудонашавандаи робитаҳои Тоҷикистон ва Фаронсаро ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ташкил медиҳад. Бо мақсади танзими ин раванд гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Парламенти Ҷумҳурии Фаронса таъсис ёфтааст, ки дар мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ, рушди муколамаи байнипарлумонӣ ва таҳкими эътимоди мутақобила нақши муҳим мебозад.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
