Фарози парчам сари баланди мост!
Парчами давлатӣ нишони пойдорӣ ва иттиҳоду ягонагии халқу давлат, шуҷоату музаффарият, соҳибватаниву садоқат ба Меҳан, ифодакунандаи ормон ва умеду орзуҳои чандинасраи аҷдодони мост. Маҳз ба ин хотир, бузургони мо назди Парчам сари таъзим фуруд оварда, онро ба чашм мемолиданд, ҷойгоҳи онро болотар аз ҳама арзишҳои дигар медонистанд.
Фарози Парчами давлатӣ сари баланди ҳар кадоми мост. Дар он иродаи матин, заҳмату талош ва ҷоннисориҳои бебадали халқ таҷассум ёфта, аз руҳи шикастнопазири мардум баҳри озодию Истиқлоли давлатӣ дарак медиҳад. Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем ва зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ ба хотири зиндагии босаодати имрӯзу фардои нек, дар ҷомеаи озоду демократӣ талош мекунем.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «Парчами давлатии Тоҷикистон, ки танҳо баъди гузашти беш аз як соли соҳибистиқлолӣ, дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ ва дар вазнинтарин рӯзҳои таърихи халқамон қабул гардид, мардуми кишвар ва фарзандони огоҳу бедордили Ватанро ба хотири барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи истиқлолу озодӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ муттаҳид намуд, ба онҳо тавону неру бахшид».
Ҳоло Тоҷикистонро дар ҷаҳон бо ин рамзи бебадали миллат чун давлати комил, миллати тоҷикро парчамдору парчамбардор мешиносанд. Парчами давлатии мо имрӯз дар 192 давлат ва беш аз 57 созмони минтақавию байналмилалӣ, иттиҳоду ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва амсоли инҳо, ҷойгоҳи хоса дорад. Ба ибораи дигар, Парчами Тоҷикистон на танҳо дар дохил, балки дар дурдасттарин гӯшаҳои олам парафшон гардида, муаррифгари миллати тамаддунофари мо мебошад.
Ба шарофати дастовардҳои варзишгарон ва намояндагони касбу кори гуногуни кишвар мақоми он дар ҷаҳон боз ҳам боло рафта, нуфузаш афзудааст. Мутаассифона, афроде ҳам ҳастанд, ки нисбат ба Парчами давлатӣ беэҳтиромӣ зоҳир карда, ба ҷойи он чизи беарзишро тарғиб менамоянд. Баъзан дар фазои маҷозӣ ба аъмоли зишти баъзе афроди ҳувиятбохта назар карда, шахси солимақл моту мабҳут мемонад.
Дар чунин шароити пуртазоду печида тарбия кардани насли худшинос, ватандӯст ва ободгар вазифаи ҳар яки мост. Хоса, насли навраси кишвар бояд донанд, ки Парчами давлатӣ муқаддас ва рамзи нангу номус ва шарафи миллат аст. Беэҳтиромӣ ба он беэҳтиромӣ нисбат ба имрӯзу гузаштаи ниёгон мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ муқаррар гардидааст, ки ба рамзҳои давлатӣ набояд беҳурматӣ зоҳир гардад.
Машҳур ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
