Парчамбардорон, ба пеш!
Парчам танҳо дар бинову майдонҳо парафшон намешавад. Инсонҳо худ ба рамзи ифтихор табдил ёфта, Парчами давлатро дар қалбҳо барафрошта мекунанд. Онҳо бо заҳмат, ирода ва номуси шаҳрвандӣ номи миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Аз байни чунин шахсиятҳо, ки имрӯз дар ҷомеаи мо мавқеи хоса доранд, номи Темур Раҳимов бо ифтихору сарбаландӣ садо медиҳад. Ӯ на танҳо варзишгар, балки парчамбардорест, ки дар ҳар баромад, дар ҳар набард ва дар ҳар лаҳзаи масъулиятнок давлатро намояндагӣ мекунад.
Соли равон барои ӯ пур аз хотираҳои ширин буд. Дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025, ки дар моҳи ноябр баргузор гардид, Темур Раҳимов тавонист бо заҳмат, сабр ва матонати хоси хеш медали нуқраро соҳиб гардад. Ҳамин лаҳза буд, ки Парчами Тоҷикистон боз дар саҳнаи ҷаҳонӣ баланд барафрохта шуд ва ба он назарҳо бо эҳтиром дӯхта шуданд.
Ҳар боре, ки Парчами Тоҷикистон боло меравад ва эҳсосе, ки аз чунин лаҳзаҳо дар дилҳои мардум пайдо мешавад, онро ба сухан овардан душвор аст. Чизи нав нест, вале ҳар бор тоза, пур аз ифтихору ҳаяҷон. Темур Раҳимов низ, маҳз, ҳамин эҳсосро борҳо таҷриба кардааст. Ӯ мегӯяд, ки парафшон шудани Парчами Ватан на танҳо як дастовард барои варзишгар, балки бахт ва ифтихори тамоми миллати тоҷик аст.
Дар суҳбатҳои худ Темур Раҳимов борҳо таъкид кардааст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи хосаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзиш ва ҷавонон имрӯз Тоҷикистонро садҳо ҷавон дар арсаи байналмилалӣ бо иродаи устувор муаррифӣ мекунанд.
«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамеша барои мо такягоҳанд. Дар мулоқотҳояшон таъкид менамоянд, ки варзишгарони тоҷик бояд дар хориҷи кишвар Парчами давлатиро парафшон намоянд ва бо медал баргарданд. Бо ҳамин ҳидоятҳо, бо ҳамин дастгирӣ ман тавонистам чанд сол пайдарпай дар рейтингҳои ҷаҳонӣ мақоми якумро ишғол намоям. Мақсад ҷои аввал гирифтан не, балки кӯшиш мекардам Парчами давлатамон дар ҷои аввал парафшон бошад. Лаҳзае, ки Парчами Ватан боло меравад ва Суруди Миллӣ садо медиҳад, он эҳсосеро, ки вуҷудамро фаро мегирад, бо сухан гуфта наметавонам. Ин авҷи шодӣ ва шараф аст», - мегӯяд ин ҷаҳонпаҳлавон.
Темур Раҳимов дастовардҳояшро на танҳо натиҷаи заҳмати шахсӣ, балки ҳосили муҳити созгор, сиёсати дуруст ва муносибати ватандӯстонаи роҳбарияти кишвар медонад: «Мо дар тамоми майдонҳои ҷаҳонӣ бо номи кишвар мебароем, бо Парчами Ватан муаррифӣ мегардем. Ҳар як мусобиқае, ки дар он иштирок мекунам, барои ман як рисолат аст - рисолати баланд бардоштани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳар медале, ки ба даст овардаам, бо талош ва заҳмати зиёд буд, ки онро ба Ватан эҳдо менамоям».
Имрӯз, ки мардуми тоҷик дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ қарор дорад, суханони Темур Раҳимов бештар ба дуо мемонанд - дуои фарзанди содиқи Ватан, ки дилаш аз муҳаббат ба миллати худ саршор аст: «Ман аз номи ҳамаи варзишгарон ва тамоми парчамбардорони диёр ҳамватанони азизро ба ин рӯзи муқаддас табрик мегӯям. Таманно дорам, ки Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша барафрошта бошад, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷовидон монад. Шиори ягонаи мо чунин аст: Тоҷикистон, ба пеш! Парчамбардорон, ба пеш!».
Ин суханҳо на танҳо як таҳниятанд, балки ваъда - ваъдаи идомаи роҳи шарафмандонае, ки ҳар як фарзанди содиқи миллат бояд онро идома диҳад, зеро Парчам рамзи давлат асту баланд бардоштани он рисолати ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон. Ин ҳама иқдому рисолатҳо мужда аз ҳамдилию якпорчагӣ, худшиносию худогоҳист, ифтихор аз рамзҳои давлатӣ, нишони зафармандии миллат ва гувоҳи сиёсати тамаддунофарии Пешвои миллат.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
