Тантанаи Рӯзи Парчам дар Маҷлиси намояндагон
Бисту чоруми ноябри соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода иштирокдорони ҳамоиши идонаро ба муносибати ҷашни давлатӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки дар ҷаҳони муосир соҳиби Парчами давлатӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил аст.
- Бо ташаббуси шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон ва нишони соҳибихтиёрӣ ва ягонагӣ дар Иҷлосияи таърихии тақдирсози XVI Шурои Олӣ, яке аз иқдомҳои бисёр муҳим ба ҳисоб меравад. Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шудан дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ фаъолияти худро аз бӯсидани Парчами давлатӣ шуруъ намуданд, зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муътақид бар он буданд, ки Парчами давлатӣ баёнгари ормонҳои миллат ва шуълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр аст ва рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад. Воқеан, бо ин амали нек Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар муҳаббати ҳақиқӣ ва эҳтироми амиқ ба Парчами давлатии Тоҷикистонро талқин намуданд, - гуфт Файзалӣ Идизода.
Таъкид гардид, ки дар марҳилаи нави таърихии давлатдории мо, дар замони Истиқлоли давлатӣ, қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи Дирафши ковиёнӣ ёд мешавад, ҳамчун як падидаи бисёр муҳиму арзишманди миллӣ, эътиқод ва эътимод пайдо карданд.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Маҳмадалӣ Ватанзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Илҳом Камолзода, Зарафо Қиёмзода, Фазлиддин Икромӣ ва мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён доир ба моҳият ва аҳамияти Парчами давлатӣ ибрози андеша намуданд.
Иброз гардид, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва аксари деҳоти мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ бунёд шуда, ба бедории миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ такон бахшиданд.
Воқеан, имрӯз мо замони қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ - он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ёд мекунем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Зери ин ливои иттиҳоду сарҷамъӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор гузошт.
Дар фарҷоми ҳамоиши тантанавӣ як гурӯҳ кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти намунавӣ, бо ифтихорномаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
