https://sadoimardum.tj

Майдончаи варзиш ва маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид

01 дек 2025, 08:00
0

Дар доираи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Неъматови шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдончаи футбол бо шароити муосир сохта ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иштирок намуданд. 

Атрофи майдончаи варзиш парҷарабандӣ ва бо чароғҳои равшанидиҳанда таъмин шудааст. Сохтмони майдонча соли ҷорӣ оғоз гардида, ба маблағи 285 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст.   

Ҳамчунин, дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб ошхона ва маркази хизматрасонии «Сайвалӣ» мавриди истифода қарор дода шуд. Изҳор гардид, ки иншооти мазкур барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст. Маркази хизматрасонӣ ва ошхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сайвалӣ Бурҳонов бунёд шуда, дар он 18 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. 

Зимни ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ гуфта шуд, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони муваффақ дар таъсиси коргоҳу корхона ва марказҳои хизматрасонӣ назаррас буда, бо ин роҳ метавонанд сокинони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ ва маоши хуб таъмин шаванд. 

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: