Номаи табрикӣ
8-уми декабри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нарбаева Танзила Камаловна номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Танзила Камаловна,
Шуморо бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик мегӯям.
Мо рушди мунтазами ҳамкории ҳамаҷониба байни кишварҳоямон, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентиро, ки дар таҳкими эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек саҳми арзанда доранд, баланд арзёбӣ мекунем.
Итминон дорам, ки муколамаи созанда байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Маҷлиси Олӣ минбаъд низ ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ба манфиати мардумони мо мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Танзила Камаловна, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ, дар фаъолияти масъули давлатӣ комёбиҳои тоза ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам».
Ҳамчунин дигар маводҳо:
