Чил - парандаи соли 2026
Дар озмуни «Парандаи сол-2026», ки тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифт, аз 10 парандаи пешниҳодшуда бо овозҳои бештар чил (кабки биёбонӣ ё кабки зирак) парандаи соли 2026 интихоб гардид.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз озмуни «Парандаи сол» тарғибу ташвиқи муносибати эҳтиромона нисбат ба табиат, зебоӣ ва муаррифии намудҳои гуногуни паранда ва нақши онҳо дар экосистемаҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2008, яъне давраи аввали баргузории озмуни «Парандаи сол», парандагони гуногун, аз қабили мурғи ҳумо, ғози кӯҳӣ, кабки дарӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, товусаки биҳиштӣ, мурғи ҳилоли тибетӣ, ҳудҳуд, шоҳин, фароштуруки деҳотӣ, шоҳуқоб, заргулдор, саъба, фохтак ва дуғдоғи зебо, парандаи сол интихоб шудаанд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
