Таҳсили 5000 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои олии Чин
13-уми май дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин нахустин ҷаласаи вазирони маорифи кишвари Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок дошт.
Тарафҳо ҷараёни рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маорифро натиҷаи равобити мустаҳками роҳбарони олии ду давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин арзёбӣ намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон иброз намуд, ки бо назардошти афзоиши талабот ба мутахассисони самтҳои инноватсионӣ ҳоло зиёда аз 5000 донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳои Чин таҳсил менамоянд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои густариши ҳамкории амалии дуҷониба оид ба тавсеаи барномаҳои муштарак ва ҷудо гардидани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик мубодилаи афкор намуданд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





