https://sadoimardum.tj

Мактабсозӣ дар Ҳамадонӣ суръат дорад

19 дек 2025, 07:00
0

Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармояҳои хориҷӣ  ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони якчанд муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо шароити наву замонавӣ сохта мешавад.  

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло  сохтмони муассисаи таълимии нав иборат аз 4 ошёна, 16 синфхона дар деҳаи Киштмайдон идома дорад. Сохтмони муассиса соли 2024 оғоз гардида, соли 2026 ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Инчунин, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Файзободи деҳоти Даштигуло барои 240 хонанда дар як баст 10 синфхонаи таълимӣ сохта шуда, моҳи марти соли 2026 ба истифода дода мешавад. 

Ба ҳамин тартиб, соли ҷорӣ бо маблағгузориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №25-и деҳаи Дустӣ барои 480 ҷойи нишаст ва дар назди МТМУ №22-и деҳаи Фазл Набӣ барои 240 ҷойи нишаст сохтмонӣ мактаб идома дорад. 

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: