https://sadoimardum.tj

Дар Суғд шӯршӯӣ ва яхобмонӣ идома дорад

19 дек 2025, 07:00
11

Шӯршӯӣ ва яхобмонӣ яке аз роҳҳои муассири мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои зироат дар давраи тирамоҳу зимистон мебошад. 

Бо мақсади заминагузорӣ ба ҳосили фаровони соли оянда дар хоҷагиҳои вилояти Суғд шудгори 111 ҳазору 275 гектар ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар масоҳати 14 ҳазору 400 гектар яхобмонӣ ва 1000 гектар шӯршӯӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар вилоят то 9-уми декабри соли равон шудгори замин дар масоҳати 67 ҳазору 521 гектар иҷро гардидааст, ки аз ин нишондиҳанда 37 ҳазору 499 гектар ба ноҳияҳои пахтакор рост меояд.

Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Конибодом, Исфара, Деваштич, Истаравшан ва Панҷакент аз манбаъҳои худҷории мавҷуда истифода бурда, шӯршӯӣ ва яхобмониро ҳар сол амалӣ менамоянд, ки он метавонад ғизонокии хокро 13 дарсад баланд бардорад.

Бино ба иттилои ҳавосанҷон, дар нимаи дуюми моҳи декабр сардиҳо ва яхбандии замин пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, шудгори тирамоҳии замин ва сари вақт анҷом додани шӯршӯиву яхобмонӣ барои ҳосили соли оянда аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: