ШАРҲИ ҚОНУН
Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ
РИОЯИ ТАЛАБОТ КАФОЛАТИ БЕХАТАРИИ ШУМОСТ!
16-уми феврали соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки Маҷлиси намояндагон онро 21 январи соли 2026 қабул ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2026 ҷонибдорӣ намуда буд, имзо намуданд. Ин қонун пас аз интишори расмӣ аз 19-уми феврали соли равон мавриди амал қарор гирифт.
Қонуни мазкур бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии ҳолатҳои зиёди садамаҳои нақлиётӣ ва вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, ки боиси оқибатҳои ногувор мегарданд, инчунин, баланд бардоштани интизоми ронандагони воситаҳои нақлиёт, ба танзим даровардани ҳаракат кардан ва нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар чорроҳаҳою истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳамчунин, танзими масъалаи риоя кардани тартиби муқарраршудаи бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо қабул гардидааст.
Солҳои охир вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ хеле зиёд гардидааст. Ин ҳуқуқвайронкуниҳо на танҳо сокинони кишварро нороҳат месозанд, балки боиси расидани оқибатҳои вазнин низ мегарданд. Тамбашавӣ дар роҳҳои кишвар бинобар сабаби афзудани шумораи воситаҳои нақлиёт зиёд гаштааст. Агар як омили зиёд шудани тамбашавӣ ин ҳолат бошад, омили дигар бар хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба самти муқобили ҳаракат баромадани баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, нодуруст гузаштан аз чорроҳаҳо, нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар қаторе, ки нақлиёти ҷамъиятӣ дар он ҳаракат мекунад ё банд кардани қаторҳои дуюму сеюми роҳҳо мебошанд.
Илова бар ин, баъзе ронандагон ба низоми кори олоти нури берунии воситаҳои нақлиёт ва садопаҳнкунакҳои он тағйирот ворид мекунанд, ки онҳо ҳаракати дигар воситаҳои нақлиётро душвор мегардонанд.
Набастани тасмаи бехатарӣ ва напӯшидани тоскулоҳҳои мототсиклронӣ ё набастани тасмаи ин тоскулоҳҳо боиси он гардидаанд, ки дар садамаҳои нақлиётӣ ба ронандагон ва мусофирон осебҳои вазнин расад.
Итоат накардан ба чароғаки сурхи раҳнамо ё беэътиноӣ ба кори танзимгарон, бо суръати аз ҳад баланд идора кардани воситаҳои нақлиёт ва роҳ надодан ба воситаҳои нақлиёти барои гузаштан бартаридошта низ зиёд гаштааст, ки маъмулан боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, соли 2025 шумораи ҳуқуқвайронкуниҳо нисбат ба соли пешин афзудааст. Соли 2025 дар мамлакат, дар маҷмуъ, беш аз 899000 ҳазор вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024 беш аз 27000 ҳолат зиёд аст, вале, инҳо фақат ҳуқуқвайронкуниҳое мебошанд, ки расман ба қайд гирифта шудаанд.
Агар ба сохтори ҳуқуқвайронкуниҳое, ки боиси марги одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардидаанд, назар афканем, мебинем, ки шумораи зиёди онҳо аз ҳисоби риоя накардани суръати муқарраркардашудаи ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобили ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои сабқат ба вуҷуд меоянд.
Дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиёт дар ду соли охир зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ин шумора қариб 90 фисади онҳо дар садамаҳое ба ҳалокат расидаанд, ки дар натиҷаи риоя накардани суръати муқарраркардашудаи ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобили ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои сабқат рух додаанд.
Шумораи маҷруҳшудагон дар ду соли охир қариб ба се ҳазор нафар мерасад. 90 фоизи ин шахсон низ дар садамаҳое маҷруҳ гаштаанд, ки ба вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рост меоянд. Шумораи зиёди одамон ҷароҳати сабук гирифтаанд. Дар баробари ин, воситаҳои нақлиёти ба садама гирифторшуда зарари ҷиддӣ дида, корношоям гардидаанд. Дар бораи зарари маънавии ин ҳуқуқвайронкуниҳо гуфтан мумкин аст, ки онҳо боиси мотамхона гардидану бесаробон мондани садҳо оила гашта, бисёр шахсон як умр маъюбу дастнигар шудаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид ва масъулият барои риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо баланд бардошта шуд.
Аз ҷумла, ба моддаи 310 кодекси амалкунанда, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вобаста ба риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон пешбинӣ менамояд, қисмҳои 3 ва 4 илова гардидааст. Тибқи илова ба қисми 3, барои идора кардани воситаи нақлиёт, ки низоми кори олоти нурии берунӣ ва ранги шуълаи он ба конструксияи воситаи нақлиёт мутобиқат накарда, дар он вайрониҳо ва шароите ҷой доранд, ки зимни онҳо истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 78 то 156 сомонӣ) ҷарима таъин мешавад.
Мутобиқи қисми 4 ҳамин модда, барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо садошинонаки ростҷараён ё ба садошинонак гузоштани таҷҳизоти ғайристандартии ихроҷкунӣ, ки садои берунии муҳаррикро баланд мекунад, аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 234 то 390 сомонӣ) ҷарима таъин мешавад.
Инчунин, санксияи қисми 2 моддаи 312, ки ҷавобгариро барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ муайян мекунад, дар таҳрири нав ифода ёфта, ҷавобгарӣ барои он пурзӯр ва ҷазои ҷаримаи он, ки аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро муқаррар менамуд, ба андозаи аз ҳашт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 624 то 780 сомонӣ) баланд шуд.
Бо иловаи қисми 3 ба моддаи мазкур барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 78 то 156 сомонӣ) ҷарима таъин мешавад.
Тибқи қонуни мазкур моддаи 314 кодекс, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вобаста ба риоя накардани бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо пешбинӣ менамояд, дар таҳрири нав ифода ёфта, мувофиқи он барои ҳуқуқвайронкунии мазкур ҷарима зиёд - ба андозаи аз се то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 234 то 312 сомонӣ) муқаррар гардидааст.
Ҳамзамон, бо дар таҳрири нав ифода гардидани моддаи 317 кодекси амалкунанда минбаъд барои аз тарафи ронандагон идора кардани воситаи нақлиёт бе бастани тасмаи бехатарӣ ё интиқоли мусофирони дар курсии пеш нишаста, ки тасмаи бехатариро набастаанд, агар дар конструксияи воситаи нақлиёт тасмаи бехатарӣ пешбинӣ шуда бошад, ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 78 то 156 сомонӣ) ҷарима таъин мешавад.
Инчунин, мувофиқи қисми 2 моддаи мазкур, барои идора намудани мототсиклҳо (квадротсиклҳо, тритсиклҳо), мопедҳо (скутерҳо, скутерҳои барқӣ ва воситаҳои ҳаракати инфиродӣ) бе тоскулоҳҳои мототсиклронӣ ё бо тоскулоҳи тасмааш бастанашуда, инчунин, дар мототсикл (квадротсикл, тритсикл) интиқол додани мусофирон бе тоскулоҳҳои мототсиклронӣ ё бо тоскулоҳи тасмааш бастанашуда, ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 78 то 156 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.
Моддаи 318 кодекс низ дар таҳрири нав ифода ёфта, тартиби нави ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки барои итоат накардан ба чароғаки сурхи роҳнамо ё ишораи танзимгар ё роҳ надодан ба воситаҳои нақлиёти барои гузаштан бартаридошта гунаҳкор дониста мешаванд, пешбинӣ мегардад.
Мувофиқи қисми 1 моддаи мазкур, барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки сурхи роҳнамо ё ишораи танзимгар ё роҳ надодан ба воситаҳои нақлиёти барои гузаштан бартаридошта ба гунаҳкорон ба андозаи аз нуҳ то ёздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 702 то 858 сомонӣ) ҷарима таъин мешаванд.
Мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда, барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда ҷарима ба андозаи аз дувоздаҳ то чордаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 936 то 10092 сомонӣ) таъин мешавад.
Қисми сеюми ҳамин модда бошад, барои дар давоми як соли баъд аз таъини ҷазои маъмурӣ панҷ маротиба ё бештар аз он содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинишуда, ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1170 то 1560 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад ё ронанда аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол маҳрум карда мешавад.
Ҳамзамон, мувофиқи талаботи қисми чоруми ҳамин модда, барои роҳ надодан ба рафтуомади бемамониати воситаҳои нақлиёти бо чароғи шуълавари рангҳои кабуду сурх ва сигнали овозии махсуси ба кор даровардашуда, инчунин, воситаи нақлиёти таҳти мушоияти он қарордошта, аз шаш то ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 468 то 624 сомонӣ) ҷарима муқаррар мешавад.
Бо дар таҳрири нав ифода гардидани моддаи 324 кодекси амалкунанда, минбаъд барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, истифодаи асбобҳои равшаникунанда ҳангоми шаб ё равшании начандон зиёд, истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, гузаргоҳҳо барои пиёдагардон, ҳаракат тавассути пайроҳаҳо, роҳҳои пиёдагард, бозистодани воситаҳои нақлиёт дар хати ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, инчунин, ба вуҷуд овардани монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бозистӣ, ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 39 то 78 сомонӣ) ҷарима таъин мешавад.
Мувофиқи қисми 2 моддаи мазкур, барои таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагард, дар хатҳои ҳаракат дар роҳ, ба ғайр аз хати якуми ҳаракат дар ҳамон самт ва ҷойҳои дигаре, ки таваққуф манъ аст, аз ду то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 156 то 312 сомонӣ) ҷарима таъин мешавад.
Мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур, барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи нишонаҳои роҳ, ки анбӯҳҳои нақлиёти самтҳои муқобилро ҷудо менамоянд ва баромадан ба самти муқобили хати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 234 то 390 сомонӣ) ҷарима татбиқ мешавад.
Инчунин, барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи аломати «ҳаракати автомобилҳои боркаш манъ аст», ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 234 то 390 сомонӣ) ва барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани қоидаҳои дигари ҳаракат дар роҳ, ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 39 то 78 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мешавад.
Тибқи тағйиру иловаҳо моддаи 325 кодекс, ки риоя накардани суръати муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ, қоидаҳои сабқат, манёвр ва аз чорроҳаҳо гузаштанро пешбинӣ менамояд, дар таҳрири нав такмил ёфта, ҷавобгарии маъмурӣ нисбат ба онҳо пурзӯр карда шудааст. Мутобиқи қисми якуми моддаи 325, барои суръати муқарраршудаи ҳаракатро ба андозаи аз даҳ то сӣ километр дар як соат зиёд кардани ронандагон ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз ду то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 156 то 312 сомонӣ) пешбинӣ мегардад. Агар суръати муқарраршудаи ҳаракат ба андозаи бештар аз сӣ километр дар як соат зиёд карда шавад, дар ин маврид мутобиқи қисми дуюми моддаи 325 нисбати ронанда ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 234 то 390 сомонӣ) ҷарима таъин мешавад.
Тибқи қисми сеюми ҳамин модда, агар кирдори дар қисми дуюми модда пешбинигардида дар давоми як соли баъд аз таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир карда шавад, нисбати ронанда ҷарима ба андозаи аз 12 то 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 936 то 1092 сомонӣ) таъин мешавад.
Мувофиқи қисми чоруми ҳамин модда, барои риоя накардани қоидаҳои сабқат (пеш гузаштан), манёвр ва аз чорроҳа гузаштан ҷарима ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 234 то 390 сомонӣ) пешбинӣ гардидааст.
Қисми панҷуми моддаи мазкур ҷавобгарии маъмуриро барои ба самти муқобили хати ҳаракати воситаҳои нақлиёт баромадан, дар сурате, ки роҳбандон ба вуҷуд омада бошад ё дар ин ҳолат ҳангоми ба чорроҳа дохил шудан содир шуда бошад, пешбинӣ мекунад. Барои содир намудани ин кирдор нисбати шахси гунаҳкор ҷарима ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 390 то 546 сомонӣ) таъин мешавад.
Инчунин, матни моддаи 326 қисми 1 ҳисобида шуда, қисми 2 илова карда шудааст, ки мувофиқи он барои аз ҷониби ронандагон қасдан ба вуҷуд овардани монеа барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, беасос ба лағжиш (дрифт) даровардани воситаи нақлиёт ҳангоми нигоҳ доштани кунҷи ҳаракат ва (ё) суръати ҳаракат, намоишкорона анҷом додани ҳаракатҳои дигар бо воситаи нақлиёт ё нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат ва атрофиён беэҳтиромӣ зоҳир намуданд ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 780 то 1170 сомонӣ) ҷарима таъин мешавад.
Тавре аз маълумоти мазкур бармеояд, андозаи ҷаримаҳо бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар сол бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мешавад. Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 78 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар баробари қонуни мазкур, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили меъёрҳои алоҳидаи кодекси мазкур қабул гардида, мувофиқи онҳо тартиби ба расмият даровардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мушаххас шудааст. Аз ҷумла, мутобиқи тағйироти ба қисми 3 моддаи 87 ҳамин кодекс воридкардашуда, ҳангоми тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудани ҳуқуқвайронкуниҳои дар моддаҳои 310 қисми 5, 318 қисми 1, 324, 325 қисмҳои 1, 2, 4, 5 пешбинигардида протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад ва ба соҳиби воситаи нақлиёт сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрнома бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда фиристонида мешавад.
Инчунин, вобаста ба тобеияти парвандаҳои маъмурӣ ба моддаҳои 93 ва 98 кодекс низ тағйирот ворид шуда, минбаъд парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои дар моддаҳои 312 қисмҳои 1 ва 2, 316 қисмҳои 1 ва 2, моддаи 318 қисми 3 пешбинигардида аз ҷониби судҳо баррасӣ мешавад. Ҳамзамон бо ин, ба моддаи 98 кодекси мазкур тағйирот ворид ва салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ оиди баррасии парвандаҳои маъмурӣ мушаххас шуданд.
Бори дигар ёдовар мешавем, ки қонунҳои мазкур бо мақсади беҳтар намудани интизоми ҳаракат дар роҳҳо қабул шуда, аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намуда, ҳаёти худ, мусофирону пиёдагардон ва ронадагони дигар воситаҳои нақлиётро дар хатар нагузоранд.
Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният
Ҳамчунин дигар маводҳо:
