https://sadoimardum.tj

Суҳбати Файзалӣ Идизода бо Алиризо Ҳақиқиён

19 май 2025, 17:46
11

16-уми майи соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Али-ризо Ҳақиқиён мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аввалин кишварҳое мебошад, ки Тоҷикисто-нро ҳамчун давлати соҳиб­ихтиёр ва мустақил эътироф намуда, ба расмият шинохт ва 9 январи соли 1992 роби-таҳои дипломатии ҳар ду кишвар роҳандозӣ гардид.

- Бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни кишварҳоямон рушду густариш ёфта истодаанд. Асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Эрон давоми 33 сол хеле мустаҳкам гардида, имрӯзҳо зиёд а аз 240 ҳуҷҷат ва санадҳои байналмилалиро ташкил медиҳанд,- иброз дошт Файзалӣ Идизода.

Зикр шуд, ки ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, амният, фарҳан-гиву гуманитарӣ чашмрас мебошанд. 

Дар мулоқот, ҳамчунин, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳим арзёбӣ гардид. «Маҷлиси намояндагон хоҳони густариши устувори ҳамкориҳо бо Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан дар ҳамаи соҳаҳо ҷаҳду талош хоҳад кард», - афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

М. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: