Паёми сабзи ватан
Ё номаи сипоси кормандону собиқадорони «Садои мардум» ба хонандагони рӯзнома ва аҳли фарҳангу матбуоти миллӣ
Хонандагону алоқамандони азизи рӯзнома, аҳли фарҳанг ва матбуоти тоҷик!
35 сол пеш аз ин дар ҳаёти мардуми мо воқеаи фараҳбахше рух дод. Ватани азизи мо – Тоҷикистони маҳбуб соҳибистиқлол гардид ва ҳамзамон бо ин рӯйдоди хуш - рӯзномаи «Садои мардум» арзи ҳастӣ кард, ки барои миллати фарҳангпарвару соҳибмаърифати тоҷик, чун рӯйдоди фараҳбахши таърихӣ, ид буд. Садои хуши онро дар ҳар гӯшаи диёри бостониамон ва хориҷи Тоҷикистони азиз мешуниданд, ба он меҳр мебастанд ва ҳар шумораи навашро муштоқона интизор мешуданд.
Имрӯз ин рӯзномаи маҳбуб 35-сола шуд. Бинобар ин, ба хонандагону алоқамандон ва аҳли фарҳангу матбуоти миллӣ ин санаи фархундаро шодбош мегӯем.
Мавриди зикр аст, ки рӯзномаи «Садои мардум» бо Қарори Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон №115, 29 августи соли 1990 таъсис ёфта, нахустин шумораи он 1-уми январи соли 1991 ба нашр ва дасти хонандагон расидааст. Яъне, рӯзномаи «Садои мардум» ҳамсоли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки оинаи давлатдории навини миллӣ ва паёми сабзи сокинони ватандӯсту хештаншиноси Меҳан аст.
Дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ арзи ҳастӣ кардани рӯзномаи «Садои мардум» ҳодисаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар замоне ки фазои кишвари моро абрҳои сиёҳ фаро гирифта буданд, бадхоҳоне мехостанд теша ба решаи миллати тоҷик зананд, рӯзномаи «Садои мардум» чун воситаи муҳими иттилоотӣ, ки ҳақиқату ростиро таблиғ мекард, чун мунодии ғояҳои инсондӯстӣ ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мубориза бархост. Ин рӯзнома, ҳамчунин, оинаи парлумон ва садои ҳақиқии мардуми ҳақталоши Тоҷикистон гардид.
Рӯзнома дар замони барои ҳифзи сарҷамъии миллат ва таъмини якпорчагии Ватани тозаистиқлоламон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар чунин шароити мураккаби таърихӣ, ки аксари рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизионҳои давлатию хусусӣ зуд-зуд мавқеи худро иваз намуда, аз гурӯҳу ҳизбҳои ғайриқонуниву мансабталош ҳимоят мекарданд, «Садои мардум» ягона рӯзномае буд, ки аз аввал дар мавқеи худ устувор монд ва аз давлату Ҳукумати конститутсионӣ ва қонунияту тартибот ҳимоят намуд.
«Садои мардум» ягона рӯзномаи Тоҷикистон аст, ки фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз замони вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ва дар Иҷлосияи таърихии XVI Раиси Шурои Олӣ - Сарвари Тоҷикистон интихоб шуданашон то имрӯз ҳамаҷониба инъикос менамояд. Инчунин, ягона рӯзномаи ҷумҳурӣ аст, ки фаъолияти парлумони Тоҷикистонро аз 1-уми январи соли 1991 то имрӯз пурраву фарогир инъикос менамояд ва дар рушди парламентаризми миллӣ саҳми шоиста дорад.
Қобили зикри хос аст, ки дар солҳои аввали нашр бар асари буҳронҳои сиёсию иқтисодӣ рӯзнома зуд-зуд ба мушкилоти молиявию норасоии коғаз рӯ ба рӯ мешуд, аммо боре ҳам аз нашр намонда, бо дастгирию кумакҳои беғаразонаи фарзандони хайрхоҳу ватандӯсти миллат низ пайваста ба дасти хонандагон мерасид.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум буданашон ҳам яке аз сарпарастони фаъол ва хайрхоҳи доимии рӯзномаи «Садои мардум» будаанд.
Ҳоло бо пайравӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳангу матбуоти миллӣ чунин иқдомҳои неку созандаро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзалӣ Идизода пайваста идома медиҳанд, ки мо – кормандони рӯзномаи «Садои мардум» аз дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагиашон сидқан миннатдору арҷгузор ҳастем.
Ҳамқадам бо истиқлолият пеш рафтан, садои ҳақиқии мардуми кишвари хеш будан, дастовардҳои беназири давлати навини тоҷиконро таблиғ намудан, оинаи ҳақиқии парлумону халқ гаштан аз дастовардҳои бузурги рӯзномаи «Садои мардум» дар 35 сол аст, ки дар ин ҷода саҳм ва таваҷҷуҳу дастгирии ҳамешагии хонандагон низ шоиста мебошад ва кормандони дирӯзу имрӯзи «Садои мардум» онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.
Роҳи тайкардаи «Садои мардум» дар ин 35 сол роҳи пуршараф аст. Бинобар ин, кормандони рӯзнома минбаъд ҳам ин рисолати хешро бо сари баланд ва садоқатмандона дар баробари халқу Ватан, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат анҷом медиҳанд.
Бо ин ниятҳои нек, 35-солагии «Садои мардум»-ро бори дигар ба хонандагону алоқамандони рӯзнома ва аҳли фарҳангу матбуоти миллӣ табрик гуфта, сарбаландию пирӯзии доимии шуморо хоҳонем!
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
