Аз бойгонӣ
Соли 1991 дар фазои иттилоотии кишвар аз худ паём додани рӯзномаи «Садои мардум»-ро ҷомеаи Тоҷикистон хуш пазируфт. Ба истиқболи нашри аввалини он аз номи шинохтатарин чеҳраҳои сиёсию илмию адабии давр ва одамони касбу кори гуногун ба идораи рӯзномаи тозатаъсис номаҳои зиёди шодбошӣ ворид шуданд. Онҳо дар мақолаю номаҳои худ ба ин тифли навзод умри абадӣ ва ба кормандони рӯзнома дар иҷрои рисолаташон пешрафту барор таманно намудаанд. Қисме аз номаҳо, ки имрӯз аз онҳо чун моли таърих ёд мекунем, дар нахустин шумораи рӯзнома интишор ёфтанд. Муаллифи яке аз онҳо нависандаи маъруфи мо Ҷалол Икромӣ мебошад. Шакли ихтисоршудаи онро пешкаши хонандагон менамоем.
Дар хонадони мо тифли хандон ба дунё омад, ки садои хуши онро дар ҳар канори диёри бостониамон ва хориҷи Тоҷикистон ҳазорҳо нафар мешунаванд, дар зиндагии ҳаррӯза ба ин садои гуворо одат карда, ба он меҳр мебанданд ва ҳар шумораи навашро муштоқона интизор мешаванд.
Дар чамани фарҳанги тоҷикон гули тозае рӯид, ки накҳати он ба ҳар ақсои кишвар паҳн мегардад. Ин тифли навзод ва гули наврустаи ҳамешасабз рӯзномаи «Садои мардум» аст, ки таъсисашро кайҳо боз интизор будем ва аз файзи он дастархони фарҳангии мардумамон боғановат мегардад.
Зодрӯз муборак, «Садои мардум»! Орзуманди онам, ки «Садои мардум» ба маънои том ифодагари садои дили халқ, баёнгари розу ниёз, дарду андӯҳ, рӯзгори мардуми ранҷбари Тоҷикистон бошад, минбари озоди хонандагон гардад.
То суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гумон доштам, ки «Садои мардум» рӯзномаи расмии Шурои Олии ҷумҳурият буда, дар бораи адабиёт, ҳунар, умуман, фарҳанг, чизе чоп намекунад, лекин тахминам нодуруст будааст. Рӯзнома шуъбаҳои гуногун, аз ҷумла шуъбаи маънавиёт, доштааст, ки ин паём боиси хурсандии ман барин адибони кӯҳансол аст...
Агар фурсат пайдо намоям, барои «Садои мардум» очерку мақолаҳо менависам.
Ба аҳли қалами «Садои мардум» хушиҳои рӯзгор, қалами бурро, ҷасуриву нотарсӣ таманно дорам. Садоят баланд бод, «Садои мардум»!
Ҷалол Икромӣ,
Нависандаи халқии ҶШС Тоҷикистон,
«Садои мардум»,
1-уми январи соли 1991
Ҳамчунин дигар маводҳо:
