Бо дили гарм, хидмат ба Ватан
Сухане чанд аз саҳми бонувон дар рӯзномаи «Садои мардум»
Зимистони соли 1990 барои татбиқи Қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон - ташкили рӯзномаи «Садои мардум», интихобан, 46 нафар дастбакор шуданд. Мо - кормандони имрӯза онҳоро поягузорони рӯзнома ном мебарем. Мақсаду маромашон равшан буд: хидмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, ҳақиқатҷӯию ҳақиқатнигорӣ…
Миёни онҳо 15 нафар бонувон буданд.
Моҳҳои ноябр-декабри соли 1990.
15 бону дар ҳайати 46-нафара такудав доранд, барои чопи нахустин шумораи рӯзнома омодагӣ мегиранд. Ҳуруфчинии тамоми мақолаҳои рӯзнома бар дӯши Мазамбекова Сайёра, Бобоҷонова Санавбар, Ҷобирова Дилором, Сӯфиева Аноргул вогузор шудааст.
Кор чандон осон набуд.
Журналистон хабару гузориш ва мақолаҳоро дар коғаз менависанду онҳо ҳуруфчинӣ мекунанд. Сипас, муҳаррирони шуъбаҳо, сармуҳаррир бо муовинонаш мехонанд, аз нигоҳи услубу муҳтаво тағйир медиҳанд. Бонувони ҳуруфчин, нахуст, тағйироти муҳаррирони шуъба, сипас, муовинону сармуҳаррирро ба мақолаҳо ворид месозанд. Хулоса, корашон душвору бисёр.
Масъулияти бе саҳв нашр ва ба дасти хонандагон расидани рӯзномаро низ бонувон ба зимма доранд. Онҳо - мусаҳҳеҳон 6 нафаранд: Марзия Алиева, Зӯҳро Сафарзода, Гулчеҳра Зоидова, Зебунисо Раҳмонова, Мунаввара Ҷӯраева ва Дилором Раҳимова. Дар иҷрои вазифаи худ, ки одатан дар идораи рӯзномаҳо хурд маҳсуб меёбад, масъулияти бузург эҳсос менамоянд.
Онҳо серҳаяҷонанд.
Дар нашри рӯзнома набояд ғалате роҳ ёбад. Дар таърихи рӯз ва рақами рӯзнома низ. Ба ин хотир, гаштаю баргашта саҳифаҳои рӯзномаро аз назар мегузаронанд, ғалатҳои роҳёфтаро пеш аз чоп дуруст карданд, ҷумлаҳои таҳрирталабро ишора карда, ба муаллифон ва навбатдорони рӯзнома ёдрас намуданд…
Ҳамин тавр, тибқи нақша, 1-уми январи соли 1991 аввалин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» ба дасти хонандагон расид, вале номи ин бонувонро на дар шумораи аввалини рӯзнома метавон дид, на дар шумораҳои минбаъда.
Моҳиятан кори ҳуруфчинону мусаҳҳеҳони рӯзнома шабеҳи кори коргардони филмҳост. Ҳамон гунае, ки коргардони кино то рӯи пардаи синамо омадани филм заҳмати зиёд кашидаю худ пушти парда мемонад, заҳмати ҳуруфчинону мусаҳҳеҳон низ барои хонандагон ҳамеша ноаён аст, аммо барои мо - ҳамкорон ҳаргиз чунин нест. Мо номи онҳоро ҳамеша ба некӣ ёд мекунем, заҳматашонро пос медорем.
Ҳини нашри аввалин шумораи рӯзнома Ҳоҷиева Ниёзбегим ва Марям Эшонҷонова ягона зан-хабарнигорони рӯзнома маҳсуб меёфтанд. Шукуфа Иванова сармуҳосиби калон, Зумрад Султонова муҳосиб-хазинадор буданд. Елена Кастикова масъулияти поксозии идораро ба зимма дошт, вале агар бастаи шумораҳои минбаъдаи ҳамон сол ва солҳои баъдиро аз назар гузаронед, зери номи журналистону қаламкашоне чун Хайринисои Расулӣ, Шаҳрияи Аҳтамзод, Ҳуриннисо Ализода ва чанде дигарон ба лавҳаву очеркҳо, хабару гузориш, фелетон, мақолаҳои таҳлилӣ, суҳбату мусоҳибаҳои илмию адабӣ, сиёсиву таърихӣ, ватандорию давлатдориро дучор меоед.
Баъдтар, Хайринисои Расулӣ ҳамчун муҳаррири шуъбаи маънавиёт, номаҳо, ҳуқуқ ва иқтисодиёту иҷтимоиёт, Ҳуриннисо Ализода муҳаррири шуъбаи парламент ва ҳокимияти давлатии рӯзнома фаъолият кардаанд.
Моҳи январи соли 2021 ба истиқболи 30-солагии «Садои мардум» нашри махсуси рӯзнома интишор ёфт ва дар он рӯйхати кормандоне, ки солҳои 1991-2021 дар рӯзнома фаъолият кардаанд, ҷой дода шудааст. Ин муддат 172 нафар дар рӯзнома фаъолият кардаанд, ки 40 нафарашон бонувон мебошанд.
Бале, бонувон ин муддат омаданду рафтанд, кам шуданду зиёд, аммо Марзия Алиева ҷойи кор иваз накард. Аз соли аввали таъсисёбии рӯзнома то имрӯз ба ҳайси мусаҳҳеҳ фаъолияти чашмрас дорад. Мӯйи сарро дар ҳамин рӯзномаи бонуфуз сафед кардааст. Ҳама ба нишони эҳтиром «апа» гуфта ба ӯ муроҷиат мекунем. Зани ҳалиму меҳрубон, шарики ғаму шодии ҳамкорон аст. Ба рӯзнома садоқати беандоза дорад. Мо ӯро таърихи зиндаи рӯзнома низ мегӯем. Воқеан, ба ҳама суолҳоятон дар бораи таъриху фаъолияти рӯзнома метавонед аз ӯ посухи дуруст дарёбед, вале рӯзи чопи газета хубтараш аз Марзия Алиева чизе напурсед, зеро ӯ ба кораш ҷиддӣ муносибат мекунад ва одатан дар ин рӯз тамоми фикру хаёлаш ба рӯзнома банд аст.
Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро аз мутахассисони соҳа кам намедонад. Мададгори ҷавонони навкори идора аст.
Дар 35-солагии «Садои мардум» шумораи мо - бонувони идора 16 нафар аст, 8 нафари мо кормандони эҷодӣ.
Моҳи январи соли 2023 ман ба ҳайси муҳаррири шуъбаи фарҳанг ва иҷтимоии рӯзнома ба кор омадам. Моҳи апрели соли 2025 Наҷиба Муродбекова. Ӯ муҳаррири шуъбаи ахбор аст. Ман аз «Ҷумҳурият» «Садои мардум» омадаму ӯ аз «Ҷавонони Тоҷикистон».
Дилафрӯз Боқиева мудири бахши кадрҳост. Басбӣ Набиева шогирди вафодори апаи Марзия. 22 сол инҷониб дар рӯзнома ба ҳайси мусаҳҳеҳ фаъолият дорад. Таманно Абдулҳақова нозукиҳои кори мусаҳҳеҳиро меомӯзад. Зебунисо Раҳимова 30 ва Нигина Сафдарова 24 сол мешавад, ки навиштаҳои кормандони рӯзномаро сари вақт ва бехато ҳуруфчинӣ мекунанд.
Шарофат Абдулвоҳидова, Гулбаҳор Раҳмонова, Марҷона Солиева, Мафтунаи Ҳисорӣ, Фархунда Абдулҳакимова ба ҳайси хабарнигор фаъолият доранд.
Мо ҳар субҳ бо дили гарм, дарки масъулият, иродаи қавию андешаи тоза ба идораи рӯзнома меоем....
Мо дар иҷрои вазифаи ба зиммадоштаамон саҳлангор нестем...
Мо рисолати поягузорони рӯзномаро идома медиҳем, барои покизагии забон, худшиносию бедории хонандагон, сулҳу субот, пешрафти Тоҷикистон талош меварзем...
Хидмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, ҳақиқатҷӯию ҳақиқатнигорӣ ҳадафи аслии мост.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
