Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Сокинони арҷманди пойтахт!
Фарорасии Соли нави мелодии 2026-ро ба тамоми мардуми шарафманди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ рӯзгори обод, саодату комёбӣ ва баракати зиндагиро орзу менамоям.
Соли 2025, бо вуҷуди печидагӣ ва номуътадилии равандҳои ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.
Мардуми сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ корҳои бунёдкориву созандагиро вусъати тоза бахшиданд, ки дар ин раванд саҳми сокинони ободпешаи пойтахт низ назаррас мебошад.
Итминони комил дорам, ки сокинони бонангу номуси кишвар дар соли нави 2026 низ бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббусҳои неку созанда ва меҳнати содиқона барои пешрафт, шукуфоӣ ва ободии диёри азизамон камари ҳиммат баста, ҷашни муқаддаси 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври шоиста истиқбол мегиранд.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 табрик гуфта, орзу дорам, ки он барои Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон соли таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва пешрафту дастовардҳои бузург гардад.
Соли нави мелодии 2026 муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Ҳамчунин дигар маводҳо:
