Мулоқот бо Президенти иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг
21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо Президенти иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
Нақши Маҷмаи Умумӣ ҳамчун ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ташаббусу пешниҳодҳо оид ба ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.
Зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди амалисозии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ҳамчун дурнамои таъмини рушди устувор ва некуаҳволии аҳолии кишвар, таваҷҷуҳи хоса медиҳад.
Дар ин зимн, нақши парламенти миллӣ ва ниҳоди қонунгузори кишвар дар рушди заминаҳои ҳуқуқии мӯҳтавои Рӯзномаи 2030 ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор назаррас арзёбӣ гардида, аз ҳамкориҳои мунтазаму судманди Созмони Милали Муттаҳид бо парламентҳои миллӣ истиқбол карда шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон масъалаҳои об ва иқлимро дар меҳвари сиёсати байналмилалии худ қарор дода, яке аз кишварҳои пешбарандаи рӯзномаи обу иқлим ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон дар доираи иқдоми эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ба баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 29–31 майи соли 2025 ҳамаҷониба омодагӣ мебинад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи имрӯзаи мураккаби сиёсии ҷаҳон, паҳншавии ҷиноятҳои фаромиллӣ ва чолишҳои асосии амниятии ҷаҳони муосир, аз ҷумла масоили барқарор гардидани сулҳи устувор, суботи пойдор ва рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистон табодули андеша карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо андешаҳои худро оид ба аҳамияти таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар сатҳи Маҷмаи Умумӣ барои кишварҳои узви Созмон иброз намуда, изҳори боварӣ карданд, ки ин иқдом омили таконбахши рушди футбол ва варзиш дар саросари олам мегардад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муҳтарам Филемон Янг барои дастгирии пайваста дар раванди татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълом доштани 25 май ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии футбол» изҳори сипос намуданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





