https://sadoimardum.tj

Дармони дарди бедармони мо

№:7 (5059), 19 янв 2026, 17:47
0

Доруи ваҳдат ёфта ин дарди бедармони мо,

Зеро табибаш гаштааст Эмомалӣ Раҳмони мо.

Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ беназир аст. Ин фарзанди фарзонаи миллат дар як вазъияти печидаю ноорому мураккаби Тоҷикистон бо ҷасорат, иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандона зимоми роҳбариро ба даст гирифта, миллати тоҷикро аз парокандагӣ наҷот доданд, ба дарди бедармони халқи ҷафокашида дармон бахшида, ин халқи соҳибтамаддунро аз нав сарҷамъ ва сулҳи пойдорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуданд.

Баъди ҳазору чанд сол аз насли он олитабор,

Сарвар ба миллат омада чун туҳфаи яздони мо.

Воқеан, ин туҳфаи яздонӣ буд. Таъмини сулҳ, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани тамоми гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик бузургтарин, беназиртарин ва хизматҳои тақдирсозеанд, ки Пешвои миллат  барои давлату миллати тоҷик анҷом додаанд.   

Миллат ба ваҳдат омада, кишвар шукуфон гаштааст,

Ӯ ҳадяи парвардигор ба халқи олишони мо.

Бо шарофати заҳматҳои хастанопазири ин абармарди саҳнаи сиёсат Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ гашт, овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт.

Маҳз, бо шарофати хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихии ин абармарди бузурги саҳнаи сиёсат дар самти таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавии миллату заволёбии давлат бо дастгириву ташаббусҳои бевоситаи халқи Тоҷикистон якдилона бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат ба ин фарзандаи фарзонаи миллат мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, аз тариқи қонуни конститутсионӣ танзими ҳуқуқӣ пайдо кард. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд.

Нақши таърихии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати навини миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани сулҳу суботи сартосарию ваҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ баръало зоҳир ва дар таърихи навини ҷумҳурӣ бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. 

Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати беназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳои тоза мебахшад ва ба пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва, дар маҷмуъ, баланд шудани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат мусоидат мекунад. 

Зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба сӯи ҷомеаи мутамаддин, рушдёбанда ва соҳибиқтидор қадамҳои устувор мегузорад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: