Баррасии аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон
15-уми январи соли 2026 ҷаласаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти дарҷи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 баргузор шуд.
Гуфта шуд, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.
12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Пазируфтани ин ва дигар ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳон аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ арзёбӣ гардид.
Дар ҷаласа, инчунин, гузориши муовини раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ оид ба рафти омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният» шунида шуд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
