Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Муҳаммад Саид Сарвар
14-уми январи соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот намуд.
Зимни мулоқот зикр шуд, ки робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон давоми 34 сол бо ташаббуси роҳбарияти олии кишварҳоямон аз дараҷаи муқаррарии ҳамкорӣ то шарикии стратегӣ расиданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои стратегӣ миёни ду кишвари дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн густариш ёфта, барои пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ, густариши муносибатҳои байнипарламентӣ мусоидат менамоянд. Таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои мудофиа ва амният, иқтисодиёт, энергетика, сармоягузорӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ байни тарафҳо назаррас баҳогузорӣ шуд.
Дар идомаи суҳбат густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, муколамаҳои доимӣ, мубодилаи сафарҳои расмии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
