https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкориҳо бо ИА дар соҳаи маориф

№:9 (5061), 26 янв 2026, 15:55
0

23-юми январи соли 2026 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода бо корманди қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел Биготт Винсент мулоқот намуд.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат дастгирии илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, ба ин соҳаҳои ҳаё­тан муҳим таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоянд.

- Мо - вакилони мардумӣ бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлат метавонем дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар ­шароити зудтағйирёбанда бо назардошти таҳаввулоти нав, пайдоиши иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва омилҳои дигар ба рушди соҳаи маориф мусоидат намоем, - гуфт Б. Саидвализода. 

Дар идомаи суҳбат таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф зарур шумурда шуд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: