Иштирок ва суханронӣ дар чорабинии фарҳангӣ ва рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо» ва боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ
21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон», ки дар намоишгоҳи маъруфи «Artechhouse»-и шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Намоишгоҳи мазкур дар шакли лоиҳаи интерактивӣ ҷиҳати муаррифии мероси фарҳангии миллати тоҷик омода карда шудааст.
Дар даромадгоҳи намоишгоҳи «Artechhouse» зери оҳанги ҷаззобу дилнишини сози миллии чанг маҳсули дасти ҳунармандони моҳиру хушзавқи тоҷик, сару либоси миллӣ, аз ҷумла гулдӯзии чакан, ҳунари кандакорӣ дар чуб, нонҳои хуштамъ, асбобҳои қадимаи рӯзгор, расму мусаввараҳо ва дигар маҳсулоти ватанӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Зимни ифтитоҳи расмии намоишгоҳи миллӣ, нахуст Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди ҳозирин бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун сарзамини бостонӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун маркази муколамаи тамаддунҳо, зодгоҳи шоирони нобиға ва макони густариши анъанаҳои ҷовидона ба аҳли башар хизматҳои зиёде кардааст.
Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки Тоҷикистон макони як қатор ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, аз ҷумла шаҳраки бостонии Саразм, Боғи миллии тоҷикон дар Помир, мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ва долони Зарафшон-Қароқум мебошад.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи давлату Ҳукумати мамлакат солҳои охир як қатор анъанаҳои арзишманди миллати мо, аз қабили ҳунари гулдӯзии Чакан, мусиқии Фалак, сози рубоб, анъанаҳои бофтани атласу адрас, ҷашнҳои Сада ва Меҳргон аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии башарият эътироф гардидаанд.
Мардуми тоҷик бо дигар ёдгориву суннатҳои миллии хеш, ба монанди мавзеъҳои таърихии «Тахти Сангин»-у «Ҳулбук», «Оши палав» ва ҷашни байналмилалии Наврӯз ифтихор менамоянд.
Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳ мудири Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид Ачим Стейнер суханронӣ намуд.
Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳии намоишгоҳ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи рақамӣ дидан карданд.
Дар маҷмӯъ, намоишгоҳи мазкур бозгӯи таъриху тамаддуни бостонӣ, фарҳанги пурғановат, эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, анъана ва арзишҳои волои маънавии миллати тоҷик ва шаҳодат аз ҳунармандиву бунёдкорӣ, меҳнатдӯстию созандагӣ ва тамаддунофар будани миллати тоҷик гардид.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар ҳамоиши мазкур намояндагони беш аз 50 кишвари дунё иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҳамоиши фарҳангӣ аз шиносоӣ ва тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон таассуроти неку гуворо бардоштанд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





