2025 барои ВМКБ соли бобарор буд
Нақшаи қисми даромади буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли гузашта 104,3 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора муовини раиси ВМКБ Мусо Мирзозода дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2026 иттилоъ дод.
Тибқи гуфтаи ӯ, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят аз рӯи даромади худӣ дар соли 2025 ба андозаи 106,3 фоиз таъмин гардида, 12,9 млн. сомонӣ аз нақша зиёд ба буҷет ворид гардидааст.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот тавзеҳ дод, ки имсол дар доираи ташрифи хотирмони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят 140 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз ин теъдод 40 корхонаи саноатӣ ва 30 муассисаи томактабӣ мебошанд. Инчунин, соли 2025-ум 31 муассисаи томактабӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Таъкид шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ то имрӯз 1469 иншоот ба маблағи 5,2 млрд. сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.
Ҷиҳати иҷрои барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят иброз гардид, ки амалигардонии барнома 103 фоизро ташкил дода, аз нақшаи пешбинишуда зиёдтар татбиқ гардидааст.
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ гуфта шуд, ки соли 2025 зиёда аз 51 870 нафар сайёҳони ватанию хориҷӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намуда, ин теъдод нисбати ду сол пеш 15421 нафар зиёд аст.
Таъкид гардид, ки маҳз натиҷаи заҳмати шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ давра ба давра беҳтар гардида, мамлакати мо ба марҳилаи рушди бесобиқа расидааст.
Зикр шуд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш меёбад. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Сипас, баҳри тақвият додани кору фаъолиятҳои минбаъда ва сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз сокинони вилоят даъват ба амал оварда шуд.
Машҳур ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
