https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Се ихтисоси нав дар АИДНПҶТ

№:11 (5063), 30 янв 2026, 16:50
0

Дар соли 2025-ум 40 донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи барномаи табодули академӣ барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар шудаанд. Ин нуктаро директори академия Даврон Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ 27 январ зикр кард.

Ӯ, ҳамчунин, иброз намуд, ки дар соли таҳсили 2025-2026 бо назардошти тақозои бозори меҳнат, зарфияти моддӣ-техникӣ ва илмӣ, инчунин, «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (2025 – 2030) дар академия се ихтисоси нав - амнияти системаҳои автоматикунонидаи коркарди иттилоот ва идоракунӣ, молия ва қарз ва иқтисо­дииёти рақамӣ таъсис дода шуд.

Дар академия раванди таълим аз рӯйи 21 ихтисос ба роҳ монда шудааст.

Айни замон академия бо 16 ташкилоти байналмилалӣ ва 32 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, 5 эъломияи муштарак ба имзо расонидааст.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: