https://sadoimardum.tj

Истиқболи ҷашни фархунда бо муассисаҳои нави таълимӣ

№:11 (5063), 30 янв 2026, 17:07
0

Ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаждаҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Дар ин раванд таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ ба сохтмони мактабу кӯдакистонҳои замонавӣ бештар гардидааст. Ин тадбирҳо, пеш аз ҳама, ба хотири пурра бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва фарогирии бештари кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ равона шудаанд.

Дар доираи сиёсати иҷти­моии давлат ва Ҳукумати кишвар, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад, соли равон дар 115 шаҳраку деҳоти вилояти Суғд бунёду нав­созии 80 кӯдакистон ва 70 мактаб ба нақша гирифта шудааст. Ҳадаф аз татбиқи ин тадбирҳо фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои илмомӯзии наврасону ҷавонон мебошад.

Айни ҳол дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти соҳаи маориф идома доранд. Аз ҷумла, бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26, иншооти иловагии таълимӣ дар назди ду муассисаи дигар, ҳамчунин, кӯдакистони замонавӣ дар маҳаллаи Чашма дар ҷараён аст. Бо ба истифода додани ин иншоот барои наврасону ҷавонон шароити мусоиди таълим ва тарбия фароҳам мешавад.

Бинои иловагии гимназияи рақами 1 тибқи лоиҳа аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои созандагӣ хароҷоти сохтмони онро гурӯҳи соҳибкорони ҳимматбаланди шаҳри Хуҷанд ба уҳда гирифтаанд. 

Бинои собиқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Соли 2025 дар заминаи он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони мактаби инноватсионӣ оғоз гардид. Бинои нави таълимӣ аз 4 ошёна иборат аст. Ҳамзамон, бо бинои асосии таълимӣ сохтмони толори варзиш ва дигар иншооти ёрирасони муассиса низ идома дошта, дар назар аст, ки моҳи сентябри соли равон мактаби инноватсионӣ ба истифода дода шавад.

Қобили зикр аст, ки натанҳо дар шаҳри Хуҷанд, балки дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохтмони мактабу кӯдакис­тонҳо бо суръат ҷараён дорад. Соли 2025 бо бунёди муассисаҳои нави таълимӣ шароити таълиму тарбия, бахусус дар деҳоти вилоят, боз ҳам беҳтар гардидааст. Тибқи маълумот, имсол аксари иншооти соҳаи маориф дар деҳоти вилоят ­сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар ин раванд, дар баробари мақомоти маҳаллӣ саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ низ назаррас мебошад.

Ин ҳама гувоҳи он аст, ки рушди маориф ва таъмини шароити арзандаи таълиму тарбия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ буда, бо заҳмати дастҷамъона барои ояндаи босаводу ободи кишвар заминаи устувор гузошта мешавад.

Нодир ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: