https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нуфузи байналмилалии ДДОТ дар соли 2025

№:12 (5064), 03 фев 2026, 11:09
0

26-уми январи соли равон дар нишас­ти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикис­тон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлид­дин Ибодуллозода иттилоъ дод, ки соли 2025 дар раддабандии муассисаҳои олӣ миёни 422 донишгоҳ аз 55 кишвари ҷаҳон ДДОТ бо гирифтани 8136 хол ҷойи 8-умро сазовор шуд.

Донишгоҳ дар рейтинги РИНЦ (Elibrary.ru) бошад, дар байни 69 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмию таҳқиқотӣ зинаи дуюмро бо 6597 мақолаи илмӣ соҳиб гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ созишномаҳо оид ба оғози ҳамкориҳои нави байналмилалӣ бо донишгоҳҳои Корея, Ҳиндустон, Беларус ва Россия ба имзо расид.

Ректори донишгоҳ афзуд, ки 36 донишҷӯ тибқи табодули академӣ ба донишгоҳҳои Беларус, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Қазоқистон сафарбар шуданд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: