Нақши занони Маҷлиси намояндагон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ
20-уми майи соли 2025 дар мавзуи «Нақши занони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар» дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ мақсади баргузории ҳамоишро муаррифии гурӯҳи иттиҳоди занони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва саҳми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат арзёбӣ намуд.
- Имрӯз занону духтарони тоҷик дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, яъне мақомоти олии намояндагӣ, қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин, дар кулли сохторҳои давлатию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз зани тоҷик роҳбари кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва нуру гармии ҳар хонадон аст, - иброз дошт М. Муинӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар мамлакат 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи соҳаи тандурустӣ, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 39 фоизи соҳаи бонкдорӣ, 37 фоизи олимон, 30 фоизи соҳибкорон ва 25 фоизи соҳаи алоқаро занону духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 кас мебошанд, ки нисбат ба даъвати пешин 4 нафар зиёданд.
Мавриди зикр аст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вакилони он дар асоси принсипҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, арзиши олӣ будани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, муҳокимаи озодона, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, дастҷамъӣ ва масъулият дар назди халқу Ватан фаъолият менамоянд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ изҳор намуд, ки «таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаи баробарҳуқуқии мардону занон хоса буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон тавассути мустаҳкам намудани заминаи қонунгузорӣ корҳои зиёдеро амалӣ намуда, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва манзалати занон дар ҷомеа бениҳоят баланд гардид».
Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ, 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо қабул гардида, имконияти баробарҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин намуданд. Дар ду соли охир қабул шудани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» идомаи мантиқии ин раванд аст.
«Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мутобиқ гардондани қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар мамлакат механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мустаҳкам карда шуданд. Нақши Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифатнокии гендерӣ аз лиҳози қонунгузорӣ назаррас буда, сол аз сол занону духтарони мамлакат аз ҳуқуқҳои худ бештар хабардор мешаванд», - иброз дошт номбурда.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





