https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

№:13 (5065), 04 фев 2026, 18:18
0

- Соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 9,9 дарсад ё ба маблағи 56,6 миллиард сомонӣ ва маҳсулоти чорвопарварӣ 8,5 дарсад ё ба маблағи 28,1 миллиард сомонӣ  афзудааст, - гуфт вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода 29-уми январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Тибқи иттилои ӯ, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 дар Тоҷикис­тон ба 84,7 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 9,5 фоиз зиёд аст. Ин нишондиҳанда, ҳамчунин, нисбат ба дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027-ум 2,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Соли 2025 дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи вилоятҳои Хатлон 53,4 фоиз, Суғд - 30,6 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 1,3 фоиз ва шаҳри Душанбе якҷо бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14,7 фоизро ташкил додааст.

Қурбон Ҳакимзода  афзуд, ки дар соли 2025 картошка 1332,5 ҳазор тонна ё 5,4 фоиз, сабзавот 3377,9 ҳазор тонна ё 2,4 фоиз ва зироати полезӣ 1254,4 ҳазор тонна ё 9,6 фоиз зиёд истеҳсол гардидааст.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: