https://sadoimardum.tj

Иштироки Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои АП СААД

№:65 (4961), 23 май 2025, 15:57
11

19-уми майи соли 2025 ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Кори ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек бо гузоштани гулчанбар дар назди оташи абадӣ ва гирифтани акси якҷояи сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД оғоз гардид. 

Дар чорабинии мазкур сарони парлумонҳои Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Беларус ширкат намуданд.

19-уми майи соли равон дар шаҳри Бишкек ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблеяи парлумонии СААД оғоз гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастҷамъӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар назди иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ намуда, таъкид кард, ки дар ҷаҳони муосир мустақилона мубориза бурдан бо тамоми чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ барои давлатҳо душвор аст. 

- Ҳалли самарабахши масъалаҳои таъмини амнияти ҷаҳон дурандешии сиёсӣ, ­ҳамраъйӣ, ҷидду ҷаҳди якҷояи тамоми ҷомеаи ҷаҳонро талаб мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ ва минтақавӣ талошҳоро барои муқобила бо хатару таҳдидҳои нави амниятӣ фаъолона афзоиш медиҳад. Мо ба масъалаҳои таҳкими амнияту субот дар чаҳорчӯби СААД аҳамияти хоса медиҳем. Тайи чанд соли охир кишвари мо дар самти масъулияти созмон мавқеи махсусро ишғол намуда, ҳамчун садди боэътимод дар роҳи паҳншавии терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баромад мекунад, - иброз дошт Файзалӣ Идизода.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки имрӯз Ассамблеяи парлумонӣ ҳамчун як ҳалқаи муҳими ҳамоҳангсоз дар ташаккули ҷанбаҳои меъёрию ҳуқуқии фаъолияти низоми амнияти дастҷамъии кишварҳои узви СААД баромад мекунад.

Он ҳамчун як платформаи муассир барои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда барои таъмини амният ва ба ҳам наздик кардани системаҳои ҳуқуқии миллӣ дар соҳаи мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир хизмат хоҳанд кард.

- Мо аз баррасӣ ва қабули як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим дар ҷаласаи имрӯзаи Шуро, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар доираи Ассамблеяи парлумонӣ нигаронида шудаанд, истиқбол мекунем. Итминон дорам, ки мубоҳисаҳои имрӯза ва ҳамчунин, натиҷаҳои ҷаласаи Шуро, дар маҷмуъ, ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкории кишварҳои узви СААД мусоидат хоҳад кард,- афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Файзалӣ Идизода, ҳамчунин, иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳарбию сиёсӣ, инчунин, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории кишварҳои узви созмон дар соҳаҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳарбию иқтисодӣ манфиатдор аст.

Тоҷикистон омода аст, ки ҳамкориҳоро дар доираи СААД дар самти амалисозии тамоми маҷмуи вазифаҳое, ки ба таъмини ҳаёти амн ва осоиштаи халқҳои мо нигаронида шудаанд, минбаъд низ густариш диҳад.

19-уми майи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров сарони ҳайатҳои парламентии иштирокчии ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ҳузур пазируфт. 

Дар мулоқот масоили амнияти минтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СААД баррасӣ шуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: