Аз нишастҳои матбуотӣ
Маросимҳо кам, қонуншиканӣ ҳам кам шудааст
Соли 2025 вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1297 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 138 ҳолат кам мебошад. Ин нуктаро 2-юми феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Бино ба гуфти ӯ, аз ин шумора вобаста ба 1268 ҳолат ҷазо таъин гардида, 29 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ карда шуд. Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 7 миллиону 28 ҳазору 808 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Соли 2025 дар ҷумҳурӣ 112 ҳазору 946 маърака ва маросим ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешин 1907 ҷашну маросим кам мебошад.
- Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, шарҳу тавзеҳи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 11 ҳазору 694 вохӯрӣ баргузор намуданд, - афзуд Сулаймон Давлатзода.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
