Иттилоия
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-солагии ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-амалӣ ва Озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори ваҳдати миллӣ» доир мегардад.
Мақсад аз баргузории озмун арҷгузорӣ ба хизматҳову корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамин, ба ҳам овардани мардуми кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихию фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ифтихор аз пешниҳоду ташаббусҳои ҷаҳонии инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳадафи баргузории озмуни мазкур ба роҳ мондани тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, расидан ба қадру қимати сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, муаррифии дастовардҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, дар ин замина, шинохти корнамоиҳо ва ҳидоятҳои ватандӯстонаю сулҳпарварона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз мебошад.
Озмун дар як давр дар ҳошияи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ то рӯзи Ҷашни 29-солагии ваҳдати миллӣ гузаронида мешавад.
Озмун аз рӯи се номинатсия:
1. Беҳтарин мақолаҳои илмӣ, тадқиқотӣ, публисистӣ, очеркҳои таърихӣ;
2. Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ (ҳикоя ва шеър);
3. Беҳтарин суруд
доир мегардад.
Маводи чопии ба озмун пешниҳодшаванда барои мақолаҳои илмӣ ва очеркҳои таърихӣ аз 10 то 16 саҳифа (1 ҷузъи чопӣ), барои мақолаҳои публисистӣ, эҷоди назму наср (ҳикоя ва шеър) аз 7 то 10 саҳифа ва барои пешниҳоди суруд аз 3 то 7 дақиқа вақт муқаррар карда мешавад.
Маводи чопӣ бояд дар саҳифаи word, бо ҳуруфи Times New Roman TJ ё Times New Roman, андозаи ҳарфи 14, фосилаи байни сатрҳо 1 навишта шуда, дар шакли хаттӣ тариқи суроғаи ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107 (тел: 221-20-24 ; 221- 20-26) ва шакли электронӣ тавассути почтаи электронии info@vahdat-kokh.tj қабул карда мешавад.
Маводи пешниҳодшаванда бояд тозаэҷод бошад, қаблан дар ягон маҷаллаву рӯзнома, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ чоп нашуда бошад. Барои бахши сарояндагӣ истифодаи фонограмма манъ аст. Мавод набояд тавассути зеҳни сунъӣ навишта ё эҷод шуда бошад.
Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун метавонанд то 30 майи соли равон ба масъули озмун - Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Маълумоти бештар ва низомномаи озмунро аз сомонаи АМИТ «Ховар» khovar.tj дастрас карда метавонед.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
