https://sadoimardum.tj

Муҳокимаи парлумонӣ

Иҷрои марҳилаи якуми стратегия қаноатбахш арзёбӣ шуд

№:19 (5071), 18 фев 2026, 16:43
0

17-уми феврали соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ муҳокимаи парламентӣ доир шуд. Ин бор вакилони Маҷлиси намояндагон рафти иҷрои нақшаи амали солҳои 2024-2026-и «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро баррасӣ намуданд.

Дар муҳокимаи парламентӣ, ки таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ҷараён гирифт, мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Хурсанд Саидмуродзода, инчунин, роҳбарият ва масъулони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷирот ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, молия, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ва сохторҳои масъули дигари давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Таъкид гардид, ки «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳуҷҷати стратегӣ буда, ба таҳкими системаи ҳифзи иҷтимоӣ, коҳиш додани камбизоатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ нигаронида шудааст. Стратегия барои мутобиқсозии низоми иҷтимоӣ ба мушкилоти муосир ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» хизмат хоҳад кард. Солҳои 2024-2026 марҳилаи аввали нақшаи амали стратегияи мазкур маҳсуб ёфта, аз 26 банд иборат мебошад.

Ҳамин тавр, рақамисозии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, такмили низоми электронии бақайдгирии оилаҳои ниёзманд ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳа, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандон, дастгирии маъюбон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки баррасӣ шуданд. 

Тавре Мавсума Муинӣ таъкид намуд, амалисозии ҳадафҳое, ки ба низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ вогузор шудаанд, асосан, тавассути таҳия ва амалисозии барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ, тадбиқи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъиноти нафақа амалӣ мешаванд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ татбиқи нақшаи амали солҳои 2024-2026-и стратегияро қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ба ҳолати охири соли 2025 сатҳи умумии иҷрои нақшаи амал ба 69 дарсад баробар буда, аз ҷумла, 12 банд пурра,12 банд қисман иҷро шуда, 2 банд иҷро нагардидааст.

Тавре зимни муҳокима таъкид гардид, яке аз воситаҳои муҳими дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ва дастгирии оилаҳои даромадашон паст мебошад. Ба хотири дастгирии оилаҳои камбизоат мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавӣ аз соли 2025 ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як фарзанди оилаи камбизоат пешниҳод ва дар буҷети соли равон низ ба назар гирифта шудааст. 

Соли 2024 бошад, дар маҷмуъ, ба маблағи 67,6 млн. сомонӣ кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ пардохт гардидааст, ки ба коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ ва болоравии зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд.

Дар самти касбомӯзии шаҳрвандон бо назардошти масоили гендерӣ зикр шуд, ки дар даҳ моҳи соли 2025 бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ қариб 32 ҳазор нафар занон бо ҷойи кор таъмин шуда, 11 ҳазор нафар зан ба таври ройгон дар муассисаҳои низоми касбии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. 

Аз 26 банди нақшаи амали стратегия дар 15 банд ё 51,6 дарсад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чун иҷрокунандаи асосӣ муайян шудааст. Тавре муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Хайруллозода иттилоъ дод, вазорат дар ин самт то имрӯз корҳои назаррас анҷом додааст. Аз ҷумла, доир ба банди дуюм. Ҳадафи ин банд рақамикунонӣ ва муттамарказгардонии равандҳои иҷтимоӣ, ҷамъоварии маълумот дар бораи қишри ниёзманди аҳолӣ дар доираи як пойгоҳ аст.

- Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти протезию ортопедӣ, зиёд намудани номгӯи воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе, ки аз талаботи банди якуми нақшаи стратегияи мазкур бармеояд, масъалаест, ки таваҷҷуҳи вазорат ба ҳалли он нигаронида шудааст. Воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар ин самт аз 21 ба 41 адад расонида шудааст, - афзуд ӯ.

Зафар Раҳмонзода, сараудити Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ, ки аудити рафти иҷрои лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва раванди нақшаву чорабиниҳои амалигардонии хизматҳои кумаки таъҷилӣ ба оилаҳои камбизоати дар сатҳи пасти даромад қарордошта ва таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ барои давраи солҳои 2024-2025-ро гузаронидааст, хулосаи худро манзур намуд. Маълум шуд, ки дар ин самт баъзе камбудиҳо ҷой доранд ва ҳалли бетаъхир мехоҳанд.

Масъалаи дигаре, ки аз он изҳори нигаронӣ шуд, дар зеҳни қишри осебпазири ҷомеа қолаб гирифтани кумакҳои иҷтимоӣ ба маънои кумакҳои доимӣ мебошад. Ба гуфти вакилон, ин гуна фаҳмиш аз сатҳи поёни иттилоотии ниёзмандон аз ҳадафҳои барнома гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин, зикр шуд, ки сифати маълумоти пешниҳодшаванда ва мониторинги иҷроиш дар сатҳи зарурӣ нест. Ҳамоҳангии байниидоравӣ ва мушаххас намудани масъулияти иҷрокунандагон такмил мехоҳад.

Бо назардошти натиҷаҳои таҳлили вазъи иҷрои нақшаи амали солҳои 2024-2026-и «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2040» ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта пешниҳодоти мушаххас ирсол шуд. 

Дар фарҷоми муҳокима бо назардошти таклифу пешниҳодҳо вакилон қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул намуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: